Нест бод терроризм ва экстремизм!
Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳуввияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми мамлакат таъмин мегардад.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.
Бо мақсади мубориза ба ин падидаи номатлуб имрӯз дар маркази вилоят роҳпаймоии ҷавонону донишҷӯёни фаъол таҳти унвони “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!” баргузор гардид. Дар баробари садҳо ҷавонони фаъол роҳбарият, кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар даст бо шиору овезаҳо таҳти номҳои “Нест бод терроризм ва экстремизм!”, “Ҷавонон зидди терроризм”, “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!” аз назди бинои МИҲД-и вилояти Суғд то ба назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ роҳпаймоӣ карданд.Ҷавонон-донишҷӯёни ДДҲБСТ якдилона дар даст бо Парчамҳои миллӣ зидди падидаҳои номатлубу хатарзои ҷаҳони муосир шиорпартоӣ намуданд. Иброз гардид, ки
ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад.
Сипас, дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷавонони фаъоли вилоят мулоқот доир гардид.
Қайд шуд, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, муқобили ифратгароӣ бояд дастаҷамъона мубориза бурд.
Дар интиҳо аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бояд ҷавонон зиракии сиёсии худро аз даст надода, якдилу якҷон арзишҳои милливу дастовардҳои замони Истиқлолиятро ҳифзу ҳимоя намуда, ба ин қабил падидаҳои номатлуб мубориза баранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







