Анҷумани ояндасоз

Рӯзи 13-уми декабр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакилон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар анҷумани ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуданд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 25-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ба арзишҳои умумибашарӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Имрӯз тибқи омори расмӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
Инчунин, дар анҷумани мазкур ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти марказии ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуда, Азизӣ Абдуҷаббор – муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ Сомон ду нафар вакил, раиси КИИ ҲХДТ Сомон, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарифзода М.М. ва ҷонишини раиси КИИ ҲХДТ Сомон, сармуаллим Тюраев Ҷ.А. дар анҷумани мазкур иштирок намуданд.
Боиси хурсандиву сарфарозии мо аҳли профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ аст, ки ректори ДДҲБСТ, д.и.и., профессор Шарифзода Муъмин Машокир бори дуюм аъзои Раёсати Марказии ҲХДТ интихоб гардиданд. Коллективи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бори дуюм аъзои Раёсати Марказии ҲХДТ интихоб шудани ректори донишгоҳ, д.и.и., профессор Шарифзода Муъмин Машокирро самимона табрик гуфта, барои иҷрои вазифаҳои муҳиму пурмасъул барояшон барору комёбиҳо таманно менамоем.

You might also like