Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин
Тайи солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалӣ ва судманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш ёфта, муассисаҳои касбии олии ҳарду кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи он фаъолияти назаррас доранд.
Бо мақсади татбиқи Стратегияи байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ДДҲБСТ бо як қатор муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Донишгоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст. Ҳадаф аз ин иқдом густариши барномаҳои табодули донишҷӯёну устодон, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва тақвияти робитаҳои илмию амалӣ мебошад.
Дар идомаи ҳамкориҳо устодони донишгоҳ, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, н.и.ҳ., дотсент Кенҷазода Шӯҳрат, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, дотсент Санавварзода Ғолиб ва мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, дотсент Қаҳҳоров Насим дар Форуми байналмилалии “Чин – Осиёи Марказӣ оид ба волоияти қонун ва муҳити соҳибкорӣ” , ки санаҳои 19-23 октябри соли 2025, дар шаҳри Урумчӣ баргузор шуда истодааст, иштирок доранд. Дар доираи форуми мазкур ДДҲБСТ ҳамчун узви комилҳуқуқ ба Алянси ҳуқуқшиносони Чин ва Осиёи Марказӣ қабул хоҳад шуд.
Ҳамчунин, устодони донишгоҳ, бо роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Ризозода Тӯра Раббим ва муовини ректор оид ба корҳои таълим, н.и.ф., дотсент Фазлиддинзода Дониш Фазлиддин аз 20 то 27 октябри соли 2025 дар ҳамоиши байналмилалии омӯзгорони забони чинӣ ва чорабинии фарҳангии “Пули забони хитоӣ” дар Донишгоҳи Шимоли Шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат намуда истодаанд.
Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Шимоли Шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расида, айни замон дар доираи барномаҳои табодули байналмилалӣ ду нафар донишҷӯи донишгоҳ дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиан таҳсил намуда, таҷрибаи таҳсилоти байналмилалиро аз наздик меомӯзанд.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҷараёни такмили раванди таълим ва фаъолияти илмӣ, истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва табодули он дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти донишгоҳ, бо донишгоҳҳои бонуфуз заминаи хубро фароҳам оварда, минбаъд робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии худро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин боз ҳам густариш хоҳад дод ва дар таҳкими дӯстии байни ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа