Иштирок дар форуми байналмилалии Yntymak Week 2025 дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба тақвият бахшидан оид ба густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дастгирӣ намуда, барои рушди он саҳми назаррас гузошта истодааст.
Мудири маркази ҷалби грантҳо ва кор бо лоиҳаҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳмудов Абдураҳмон дар чорабинии байналмилалии Yntymak Week 2025, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Оши шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок ва баромад намуд.
Yntymak Week — ин минбари ҳамасолаи мубодилаи таҷриба, ғоя ва амалияҳо дар самтҳои маориф, сулҳсозӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Имсол барномаи форум беш аз 30 ҷаласа, аз ҷумла муҳокимаҳои панелӣ, мастер-классҳои интерактивӣ, намоишгоҳҳо ва вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандро фарогир аст.
Дар доираи чорабинӣ устоди донишгоҳ фаъолияти илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои донишгоҳро муаррифӣ намуда, дар муҳокимаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, рушди таҳсилоти олӣ ва нақши донишгоҳҳо дар сулҳсозӣ ширкат варзид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа