Саршор аз ишқу муҳаббат аст!

Муҳаббати инсон ба Ватан аз овони хурдӣ шуруъ гардида, волидайн бояд барои рушди ин муҳаббат саҳми босазо дошта бошанд, зеро Лоиқи  бузургвор меорад, ки “Ватан сар мешавад аз гоҳвора…” ин муҳаббат зарфи солҳои тулонӣ аз боғча, баъдан мактаб ва донишгоҳ зиёд гардида, инсон ба дарки масъулият назди ҳимоя ва бузургдошти оила, мактабу донишгоҳи худ мепардозад, ки ин нишонаи меҳру садоқати ӯ ба Ватан аст.

Гиромидошти арзишҳои миллӣ, расму одат, анъанаи гузаштагон аз падидаҳои маъмулест, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо аҷдодонамон ба мо мерос гузоштаанд. Минҷумла, пос нигоҳ доштан ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ низ дар ин ростост. Дарки мафҳум ва маънии ҳар як рамз аз давраи кӯдакӣ дар оила бояд ҷараён гирад. Аз ин хотир Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши волидайнро дар таълиму тарбияи фарзанд хеле мушаххас баён дошта, ҳамеша таъкид месозанд, ки Ватани худро дӯст дорем ва ба қадри озодиву ободӣ бирасем.

Суруди миллӣ бояд танини муҳаббати мо барои ҷаҳониён бошад. Мазмуни он ҳам пури садоқату покии муҳаббат ва Ватанро ифода мекунад. Овози гузаштагони бонангу номуси моро, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан ҷонбозиҳо намудаанд, мерасонад, ки аз даричаи таърих моро менигаранд, ки то кадом андоза барои рисолати азалии худ, ки он ҳам ватандӯстию меҳанпарастист, омодаем.

Чун ба дарозои таърих менигарем, қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат моро ҳушдор месозад, ки ҳамчун ворисони арзандаи эшон бо Модар-Ватан дар лаҳзаи мушкил вафодор бимонем. Саодату бахти худро ҳамеша дар пояи ин муқаддасот гузорем, зеро бахту саодат ҳамон аст, ки дар фазои орому обод кору фаъолият дошта бошӣ. Мазмуни Суруди миллии мо ана ҳаминро талқин месозад.

Дар хотир дорам, ки ҳангоми донишҷӯӣ устоди фанни сиёсатшиносӣ Амрикоро ба мо мисол оварда, гуфта буданд, ки қадру манзалати Ватан дар мамлакати мазкур ончунон баланд аст, ки ҳатто Парчами давлатиро дар шакли либос ба бар намуда, дар куҷое, ки набошанд аз амрикоӣ будани худ мефахранд. Ва ҳамон вақт устодамон гуфта буданд, ки чаро мо низ ба мисли онҳо набошем, бигзор Парчами мо низ дар шакли либос бошад ва аз ба бар кардани он ифтихори миллиамон афзояд. Ба андешаи мо муҳаббату эҳтиром аз ҳамин ҷузъитарин чизҳо шурӯъ мегардаду вазифаи мо устодону омӯзгорон таваҷҷӯҳ ба ин падида аст, то онро рушд ва такмил диҳем.

Аз ҷониби мардуми Бадахшон пешниҳод гардидани иқдоми хуб чун суруда шудани Суруди миллӣ дар машғулиятҳои дарсӣ боиси таҳсину дастгирист. Мо аҳли устодону омӯзгорони ДДҲБСТ тарафдори чунин иқдомҳои шоиста буда, пешниҳод доштем, ки хониши Суруди миллӣ на танҳо дар муассисаҳои миёнаву олӣ, балки дар боғчаҳо низ ба роҳ монда шуда, мазмуну мӯҳтавои он аз хурдсолӣ ба кӯдакон омӯхта шавад.

Раҳматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like