Муаррифии ректори навтаъини ДДҲБСТ

28 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муаррифии ректори нави донишгоҳ Шероз Мӯминзода бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раҳмонзода А. бо таъкид ба аҳамияти рушди соҳаи маориф ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар таъмини кадрҳои баландихтисос, таин шудани Шероз Мӯминзода ба вазифаи ректори ДДҲБСТ- ро як қадами муҳими дигар дар самти рушди донишгоҳи мазкур ва илму маориф арзёбӣ намуд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳ. зимни муаррифии ректори нави донишгоҳ Мӯминзода Ш. таъкид намуд, ки ректори навтаъин бо ҳамкории наздик бо ҷомеаи донишгоҳ тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, то дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос ва варзида амалӣ намояд.
Муовини раиси вилояти Суғд Ҷӯразода Ҷ. бо изҳори хушнудӣ аз таъини ректори нави донишгоҳ таъкид намуд, ки Шероз Мӯминзода бо таҷрибаи бойи илмию таълимӣ ва идоракунӣ, ки дар вазифаҳои мухталифи илмиву таълимӣ фаъолият намудааст, метавонад нақши муҳим дар рушди донишгоҳ ва таъмини сифати таҳсилот дошта бошад.
Ректори навтаъин Шероз Мӯминзода дар суханронии худ изҳор намуд, ки барои таъмини рушди донишгоҳ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлативу байналмилалӣ кӯшиш хоҳад кард. Вай инчунин ба аҳли омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ваъда дод, ки тамоми кӯшишро барои рушди донишгоҳ ва таъмини муҳити таҳсилоти муосир ва самаранок ба харҷ хоҳад дод.
Чорабинӣ бо табрикоти аҳли донишгоҳ ва баён кардани омодагии онҳо барои ҳамкорӣ бо ректори нави донишгоҳ ба анҷом расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like