Ба 8 нафар донишҷӯи фаъоли ДДҲБСТ Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим гардид
Субҳи имрӯз, дар Кохи “Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанд, дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 8 нафар донишҷӯи фаъоли донишгоҳ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр шуданд.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода, зимни супоридани шаҳодатнома ва стипендияҳо, ҷавононро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, онҳоро барои заҳмату дастовардҳояшон ситоиш кард.
Стипендияҳо ҳамчунин ба хонандагон ва варзишгарони лаёқатманд низ тақдим гардиданд
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа