Боздиди муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид аз ДДҲБСТ
Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид зимни шиносоӣ аз як қатор муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи сафари кории худ ба ДДҲБСТ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни таълиму тарбия ва муҳити омӯзишӣ шинос гардид.
Зимни боздид, масъалаҳои муҳим ба мисли иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар машғулиятҳо, иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳо, инчунин ҳавасмандгардонии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳошимзода Ҳ. зарурати омӯзиши мунтазами забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро таъкид намуда, ба аҳамияти ташкил ва афзоиши гурӯҳҳои таълимии таҳсилоти бо забонҳои хориҷӣ ишора намуд.
Муовини якуми вазир инчунин аз раванди татбиқи «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ёдовар шуда, ба зарурати баргузор намудани курсҳои омӯзиши фанҳои технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ бо ҷалби устодони варзида ишора намуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба аттестатсияи хатм, истифодаи усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва боло бурдани масъулияти касбии онҳо дар таъмини таҳсилоти босифат мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар фарҷоми боздид, Ҳошимзода Ҳомид ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълим ва рушди иқтидори кадрии омӯзгорони ДДҲБСТ як қатор тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа