Самти байналмилалии ДДҲБСТ дар доираи барномаи Эрасмус+ рушд меёбад

Боиси хушнудист, ки дар соли ҷорӣ самти байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи барномаи байналмилалии Эрасмус+ рушд ёфта истодааст. Тайи чанд сол ин самт то андозае аз мадди назар берун монда, айни замон бо талошҳои роҳбарияти донишгоҳ ва иштироки фаъолонаи ҳайати устодон, он марҳилаи нави густаришро таҷриба мекунад.
Моҳи сентябри соли таҳсили 2024–2025 муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д. и. и., профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон ба Ҷумҳурии Юнон, моҳи март муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д. и. и., профессор Ризозода Тура Раббим ба Ҷумҳурии Полша ва дар ҳамин моҳ ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Мирзохоҷаева Умеда ба Ҷумҳурии Финляндия сафар намуданд.
Ин сафарҳо дар доираи барномаи мубодилаи байналмилалии Эрасмус+ анҷом ёфтанд ва барои боз ҳам тавсеа ёфтани робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии донишгоҳ заминаи устувор фароҳам оварданд.
Санаҳои 5–8 майи соли 2025  мизбони донишгоҳ, докторанти Донишгоҳи давлатии Финляндияи Шарқӣ, хонум Полякова Тамара гардид. Меҳмони олиқадр дар доираи барномаи Эрасмус+ ба  ДДҲБСТ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён дидору мулоқотҳо анҷом дод. Қобили зикр аст, ки ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Мирзохоҷаева Умеда низ маҳз дар донишгоҳи мазкур,  дар доираи ҳамин барнома таҷрибаомӯзиро анҷом дода буд.
Аз ҷумла, санаи 5 майи соли 2025 хонум Полякова Тамара бо иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ, муовини ректор оид ба корҳои таълим, н.и.ҳ., дотсент Мӯминзода Ш.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д. и. и., профессор Ризозода Тура Раббим мулоқоти расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи академикӣ миёни устодону донишҷӯён, ҳамчунин амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар доираи барномаи Эрасмус+ табодули афкор намуданд.
Мӯминзода Ш.А. зимни суҳбат таъкид доштанд, ки рушду тақвияти самти байналмилалӣ аз ҳадафҳои муҳими стратегии донишгоҳ ба шумор меравад ва омодагии комили донишгоҳро барои тавсеаи бештари робитаҳои байналмилалӣ баён карданд. Хонум Полякова бошад, аз сатҳи ҳамкорӣ, иқтидори илмӣ-тадқиқотии устодон ва муҳити академии донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби мутахассисони хориҷӣ таъкид намуданд.
Санаҳои 6-7 майи соли 2025 докторант Полякова Т. ба машғулиятҳои амалии омӯзгорони кафедраи таърих ва диншиносии донишгоҳ ширкат варзид, бо ҳамроҳии омӯзгорони кафедраҳои сиёсатшиносӣ ва таърих ва диншиносӣ аз ҷойҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Санаи 8 майи соли 2025 сафари докторанти Донишгоҳи давлатии Финляндияи Шарқӣ, хонум Полякова Тамара ба Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар маросими супоридани сертификат ва тӯҳфаҳои рамзӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.и., профессор Ризозода Т.Р., директори маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатия, д. и. с., профессор Акмалова М. А., мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, д.и.т., профессор Ғаффорӣ Н. У., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, д. и. т., профессор Ҳомидзода Ф. М., профессори кафедраи фанҳои чамъиятӣ Ҷӯраев А.Ҳ., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, н.и.ф., дотсент Шарипов К.К., мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мӯминҷонова П.Т. ва ассистенти кафедраи таърих ва диншиносӣ Мирзохочаева У. М. иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки ин гуна ҳамкориҳо дар оянда барои боло бурдани сатҳу сифати таҳсилот, табодули таҷриба, тавсеаи имкониятҳои таҳсилу тадқиқот дар хориҷ ва шинохти байналмилалии донишгоҳ нақши калидӣ хоҳад бозид.

                                                                                                                     Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

You might also like