Муҳоҷират ва ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии он

Муҳоҷират яке аз заруриятҳои ногузири ҷомеаи башарӣ аст. Инсоният аз оғози таърихи пайдоиши худ доимо дар ҳиҷрат қарор дорад. Ҳамин сайёраи Замин ватани аслии инсон маҳсуб меёбад, бинобар ин ҳар як фард ҳаққи комил дорад ба кадом давлату мамлакате, ки дилаш мехоҳад ҳиҷрат намояд, вале бояд қонуну қоидаҳои он давлатро риоя кунад, фарҳангашро эҳтиром намояд.

Ҳиҷрати инсонҳо аз як кишваре ба кишвари дигар, ё аз як қитъа ба қитъаи дигари замин бо сабабҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ғайра анҷом мепазирад. Масалан, ҳиҷрати нажоди ориёӣ ба кишварҳои аврупо ва ҳинд мутобиқи баъзе сарчашмаҳо хунукиҳои сахте, ки дар сарзамини ориёиҳо ба вуҷуд омадааст вобаста будааст. Дар китоби муқаддаси оини зардуштиён «Авесто» низ зикр шудааст, ки дувоздаҳ моҳ гӯё хунукии сахтарин шуда будааст ва ин боиси ҳиҷрати мардуми ориёӣ ба дигар сарзаминҳо гаштааст. Аз ин лиҳоз, ҳиҷрати инсонҳо аз як кишвар ба кишвари дигар ҳам хуб аст ва ҳам бад. Масалан, мардуми ориёиро гирем, қисми онҳое, ки ба Ҳинд ҳиҷрат намуданд   дар сарзамини Ҳинд бо қавми даравидиҳо бархӯрданд, ки аз лиҳози моддӣ хеле пешрафта буданд. То ба ҳадде, ки онҳо бо технологияи пешрафтаи худ ба дигар сайёраҳо сафар карда метавонистанд. Ё худ хонаҳояшон бо воситаи овоз идора карда мешуд. Дар соҳаи илми тиб он қадар пеш рафта буданд, ки тибби имрӯза танҳо онро орзу мекунад. Бархӯрди ду тамаддун-тамаддуни моддӣ ва маънавӣ дар сарзамини Ҳинд як тамаддуни дурахшонеро ба вуҷуд овард, ки дар таърих бо номи тамаддуни ориёӣ маълум аст. Аммо мардуми ориёие, ки ба ҷониби Аврупо ҳиҷрат намуда буданд. натанҳо тамаддуни худро аз даст доданд, балки солҳои тӯлоние аз илму фарҳанг ва тамаддун дур монданд. Танҳо дар асри xv эҳёи тамаддуни Аврупо оғоз гардид, ки бо номи реносанс маълум аст. Ё худ вақто ки қитъаи Америка аз ҷониби Христофор Колумб кашф гардида мардуми англис ба он қитъа ҳиҷрат намуда буданд, имрӯз як давлати бузургеро ташкил медиҳад, ки қавму миллатҳои зиёдеро дар бар мегирад.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ раванди муҳоҷират зиёдтар гардид. Чунки собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ давлатҳои мустақил гардиданд ва қисми зиёди мардуми ин ҷумҳуриҳо ба Федератсияи Руссия ҳиҷрат мекарданд. Аз он ҷумла, мардуми тоҷик аз солҳои 90-уми асри бист ба муҳоҷират оғоз кард.                                           Агар ин равандро амиқ таҳлил намоем муҳоҷират ду ҷиҳат дорад, яке ҷиҳати мусбат ва дигаре манфӣ. Ҷиҳати мусбати муҳоҷират барои мардуми мо ин аст, ки қисми зиёди ҷавонон, хосатан аз деҳот ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ асосан ба Руссия барои кор рафтаанд. Онҳо забон омӯхтанд, ҳунар омӯхтанд, бо тамаддуни нав ошно шуданд барои пешрафти оилаи худ аз лиҳози моддӣ кӯмак намуданд. Агар ба сохтмони биноҳо чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳр назар афканем ба хуби маълум мешавад, ки ин биноҳои хушсохт маҳсули муҳоҷирони корӣ аст. Зиндагии аксари мардум аз ҳисоби муҳоҷират рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ҷиҳати манфии муҳоҷират ин аст, ки қисми зиёди мардҳои ба муҳоҷиратрафта бо дигар халқу миллатҳо оиладор мешаванд, ҳол он ки аксарияти онҳо оила доранд. Баъзе аз ин муҳоҷирон рафта-рафта нисбати оилаи аввали худ бепарво мешаванд. Дар ин ҳолат тамоми мушкилиҳо ба дӯши зан меафтад. Тарбияи фарзандон, таъминоти онҳо барои занҳо хеле мушкил аст. Баъзе оилаҳо фарзандони хурдсоли худро дар назди падару модари солхӯрдаи хеш гузошта ба муҳоҷират рафтаанд. Фарзандони чунин оилаҳо аз таълиму тарбияи падару модар дур монда ё бадахлоқ мешаванд ё ҷинояткор. Бинобар ин, ҷомеаро зарур аст, ки як фарҳанги муҳоҷиратро дошта бошад. То ки мардуми мо ба муҳоҷират раванд ва фарҳангу тамаддуни худро ҳифз намоянд, аз асли худ дур нашаванд, меҳри волидайн ва ватани худро фаромӯш насозанд.

Мирниёзов А. Қ.

 

 

 

 

You might also like