Изҳорот кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ нисбати ташкилоти ифротӣ эълон намудани Паймони миллӣ
Ҳоло мо шоҳиди онем, ки дар давлатҳои дигари ҷаҳон оқибатҳои амалҳои ба терроризм ва экстремизм оварда мерасонад ба чашм расонида истодааст.
Терроризм решаи хеле чуқур дошта, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд.
Мо намехоҳем, ки Паймони миллӣ чун иттиҳодияҳои мақсади ғараздошта ва бо фармоиши хориҷиён ташвиқоти ҷанг ва харакатҳои динию экстримистӣ ва террористӣ фаъолияташонро пеш барад. Зеро онҳо ба ватани худ содиқ нестанд, ба наздикони худ содиқ нестанд. Онҳо танҳо ғуломи иҷрокунандаи фармонҳои шахсони бевиҷдон ва бе ватан, ки натиҷаи кори онҳо сабаби ба ташвишоии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва албатта нисбати онҳо эътирозии қатъии худро изҳор мекунем то ки дар рўи замин ба чунин инсонҳо набояд ҳаёт раво бошад.
Аҳли устодони кафедраи мазкур ҳалномаи Суди олии Тоҷикистон нисбати ташкилоти экстремистиву террористб эълон гардидани Паймони миллиро ҷонибдор ҳастем. Созмони мазкур бо восита аз номи миллати тоҷик даст ба амалҳои номатлуб зада, шаъну шарафи мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намуд. Паймони миллӣ ва ТЭТ ҲНИ ҳар ду як созмоне ҳастанд, ки бо номҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ