Ташрифи сафирону Олмону Фаронса ба ДДҲБСТ
25 – уми феврали соли 2025 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро дар саҳни Маркази таҳсилоти рақамӣ роҳбарият ва устодону донишҷўёни донишгоҳ бо расму оини меҳмоннавозии тоҷикона гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Дар оғози ташриф, бо рӯҳияи идона донишҷӯён бо забонҳои англисӣ, куриёӣ, хитоӣ, арабӣ ва олмонию фаронсавӣ меҳмононро истиқбол намуда, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар сухани пазироӣ саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, эълони сиёсати дарҳои кушод ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъкид намуд.
Ҳамзамон, ректор оид ба мақсади ворид шудани Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба доираи байналмилалии ТОП-1000 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ибрози ақида кард.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои таълимӣ ва илмӣ, табодули академӣ ва имкониятҳои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии Олмон ва Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мулоқот муовинони ректор, сардорони шуъбаҳои раёсат, деканони факултетҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ ва мулоқот бо сафирони Фаронсаву Олмон ин рушди соҳаи дипломатия ва робитаҳои фарҳангӣ, инчунин дар оянда таъсис додани маркази омӯзиши забонҳои фаронсавию олмонӣ ва табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон мебошад.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонон бо дастовардҳои донишгоҳ шинос шуданд. Аз рӯи барномаи ташриф, онҳо аз Парки технологии донишгоҳ дидан намуданд. Намояндагони парки технологии донишгоҳ оид ба фаъолияти инноватсионӣ ва таҷрибаи худ презентатсияҳо пешниҳод намуда, донишҷӯён ба меҳмонон саволҳо дода, посухҳои муфассал дарёфт карданд. Ин мулоқот барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда миёни парки технологии донишгоҳ ва паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии Олмон ва Фаронса заминаи устувор гузошт.
Сипас, дар синфхонаи 107-и бинои таълимии №5 конфронси байналмилалӣ бо забони англисӣ баргузор гардид. Дар конфронс муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёне, ки таҳсилоти худро бо забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ мегузаронанд, иштирок карданд. Нахуст, навори тарғиботии донишгоҳ бо забонҳои фаронсавию олмонӣ намоиш дода шуд. Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф оид ба дипломатияи Олмон ва Фаронса, таърихи рушди ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва нақши он дар ҳамгироии байналмилалӣ суханронӣ намуд. Баъдан, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл оид ба рушди ҳамкориҳои дипломатӣ, имкониятҳои таҳсил ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баромад кард.
Донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо меҳмонон суҳбати озод анҷом дода, саволҳои хешро матраҳ намуданд ва посухҳои муфассал гирифтанд.
Чунин ташриф ва мулоқотҳо дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тавсеаи имкониятҳои таҳсил ва илм нақши муҳим доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа