Паёми Пешвои миллат – дастури амал

24-уми феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар мулоқот ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо матбуот ва муносибатҳои байналмилалӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Сайфидинзода Пайрав Мириноят, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи 3 Саидзода Абдусалом Деҳқон, муовини ректор оид ба корҳои таълим Муминзода Шероз Абдуҷаббор, мудири шуъбаи корҳои тарбия Ҳасанов М.М., мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, дотсент Санавваров  Ғ.Б., устодон ва донишҷўёни донишгоҳ иштирок карданд.

Мулоқотро муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ, дотсент Муминзода Шероз Абдуҷаббор ҳусни ифтитоҳ бахшида, мавзуи онро муҳим ва  саривақтӣ арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Сипас, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ ва кор бо матбуот ва муносибатҳои байналмилалӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Сайфидинзода П. М.  ва  прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи 3 Саидзода А.Д. баромад карда, оид ба Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Иброз гардид, ки масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир масъалаҳои меҳварии Паёмро ташкил додаанд. Воқеан ҳам, рушди ҷомеа ва беҳтар намудани ташаккули соҳаҳои гуногуни мамлакат аз субот ва оромии ҷомеа вобастааст. Ин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода, ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ва кулли ҷомеаро барои ҳифзи суботу оромии ҷомеа даъват менамоянд.

       Дар идома, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, дотсент Санавваров Ғ.Б. маърӯза намуда, қайд кард, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун сарвари сиёсӣ на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, хастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгон хизматҳои беназир кардаанд.

Дар Паём Пешвои муаззами миллат ҳамчунин устувории Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи сиёсати байналмилалӣ муаррифӣ намуданд ва иброз доштанд, ки «…Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд».

Барои ҳамин мо андеша дорем, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамои дарки сиёсати маънавибунёди ин марди хирад барои наслҳои ояндаи халқи тоҷик ва баҳри ҷовидон нигоҳ доштани иститқлолият, ҳувияти миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории тамаддунофари тоҷик хизмат хоҳад намуд. Дар ҳамин асос, амалӣ намудани тамоми вазифаю ҳадафҳои асосие, ки дар Паём ироа гардид, барои ҳар як фарди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз хоҳад буд.

Дар анҷом, аз ҷониби меҳмонон ва устодони факултет оид ба мавзуи баррасигардида баҳсу музокирот баргузор гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like