Дуои мардум аз гиребони Кабирӣ мегирад

Он ҳодисае, ки нисбати модари бечораи тоҷик ва писари ягонаи роҳгумкардаи вай рух додаааст, барои ҳамаи мардуми тоҷик дарси ибрат аст. Зеро, гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд. Аз он ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии Кабирӣ дар барангехтани низоъ дар кишвар ва қатлу куштор даст дошта, оғозгар ва саркардаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шинохта шудааст.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумхурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд. Зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққӣ  дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Илоҳо фарзанди ягон инсон ба гумроҳӣ наравад, ҳеҷ модари тоҷик дар фироқи ҷигарбандаш насӯзад. Чӣ хеле, ки ба ҳама маълум аст, дар ҷанги шаҳрвандӣ чӣ қадар фарзандони тоҷик қурбони сиёсатҳои разили гуруҳҳои пастфитрати наҳзатӣ гардида буданд. Дар оянда ба ҷавонон тавсия медодам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода баҳри рушди иқтисодиёт, илм ва дигар соҳаҳои мухталифи Ватани азизамон Тоҷикистон саъу кўшиш намоянд.

Раҳмонова З.Н.ассистенти  кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like