Шарафи зан-модарро бояд гиромӣ дошт!
Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, ки тақрибан соати 03:23 дақиқаи 6 ноябр гурӯҳи бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона кардаашонро шунида, он субҳи босафои кишвар ба назарам ғамангез гашт. Худ ки модар ҳастам, тамоми рӯз симои ашки хуншор рехтани модарони ҷигарсузи он ҷавонмардони қаҳрамони миллат, ки ҷони худро қурбони осоиштагии Ватани азиз кардаанд тасавур мекардам. Инчунин нафрат ба он занҳое мекардам, ки миёни он хонумонсузон ба хунрези даст зада, шарафи зан-модарро паст заданд. Зан – модар ҷинси латифест, ки фарзанд ба дунё меорад на қотилона хуни фарзанд мерезад. Нафрат, лаънат ба чунин зане, ки ҷои китоб бар даст гирифтану, фарзандро тарбия карда ба роҳи дуруст ҳидоят намудан, яроқ ба даст гирифту хуни ноҳақи фарзанди модари зори дигарро резонд.
Магар ба ин каждумон он рӯзҳои хунине, ки Ватани азизамон аз сар гузарондааст кифоя нест, ки он солҳои хунинро низ ҳамин шахсони насҳатбоз ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил додаанд. Он ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар барои мардуми осоиштаи кишвар офатҳои зиёдеро ба миён овард. Ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ аз дасти он қотилон фавтиданд, ҳазорон шаҳрвандон аз Ватани азизи худ фирор карданд. Маҳз ҳамин ҷалодони хунхор зери ниқоби ислом амалҳои нопадиди худро ба анҷом мерасонанд. Бо ҳамин ақидаҳои хунини худ он субҳи бо сафо як даста гумроҳони лагандбардори хунхор хостанд оромии Ватани азизамонро вайрон намоянд. Шукрона тири хунини онҳо хок хурд. Ба нияти разилонаи худ расида натавонистанд он музлимони хунрез. Чунин ҷалодони бе дин хуни чандин бегуноҳонро резонда, шуру ғавғово меандозанд ва дар тамоми дунё мисли малах амалҳои разилонаи худро паҳн менамоянд. Ба мардуми бечораи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо мамлакати мо ҳамсарҳад мебошад назар афканем, дар мулкашон 40 сол боз ҷанг рафта истодааст. Дар ин ҷо низ он ифратгарони бе дин аз ақидаҳои исломӣ истифода бурда, ҷангро аланга зада истодаанд.
Шукронаи он фарзандони шуҷою ҷонфидои миллат мекунем, ки он субҳ бо далериву ҷасури тавонистан ҷони худро дареғ надошта амалҳои нопадиди хоинони Ватанро пешгирӣ намуданд. То халқи баруманди тоҷик тавонад ҷашни деринтизори худ 25-умин солгарди Қонуни асосии кишварро дар зери осмони софу беғубор ҷашн гирад. Ин ҳама далели он аст, ки кормандони макомоти қудратии давлатӣ масъулият ва вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, садди роҳи душманони миллат ва террористон гардиданд. То он ки дар кишвари азизамон тинҷию осудагӣ пойдор бошад. Имруз бояд ҳар яки мо ба қадри ин тинҷию осудагӣ бирасем чуноне, ки дар ҳар баромади худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд мекунанд, ки бояд дар ҷомеа ҳисси якдиливу меҳанпарастӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ҳувайдо бошад.
Чуноне, ки огаҳӣ дорем халқи баруманди тоҷик барои ба даст овардани истиқлолияту Ваҳдату ягонагӣ чи қадар ҷоннисориҳо кардааст, ки ҳамаи ин заҳматҳо барои боз ҳам вусъат ёфтани сулҳ дар Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки имрўзҳо низ дар ҷамъият шахсоне вомехўранд, ки барои манфиатҳои номатлуби худ бо паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ машғул гарданд мардумро гумроҳ месозанд. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Имруз мо фирефтаи чунин гумроҳи нашуда сарҷамъ шуда, барои гулгулшукуфоии кишвари азизамон якҷоя фаъолият барем ва барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ якҷоя фаъолият барем.
Пешвои миллат дуруст зикр карданд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».
Ҳамаи мо шаҳрвандони як кишвари ободу зебо бо номи Тоҷикистон дорем, биёед якҷоя барои гулгулшукуфии ҳамин сарзамини биҳиштосо фаъолият барем то дигарон ба тинҷию амонии мо дахолат накунанд.
Мирзоҷонова М.К. – н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забони англисии ДДХБСТ