Изҳороти кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосир нисбати дину мазҳабро ниқобсозии гуруҳҳои ифротӣ
Бо баробари пайдоиши гурӯҳҳои ба ном мазҳабӣ ва динӣ нахуст ҷомеа фикр мекунад, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо фақат дар доираи мазҳаб сурат гирифта, ягон иртиботе ба сиёсат ва терроризму экстремизм надорад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин гуна гурӯҳҳову созмонҳо маҳз ба хотири равнақ додани терроризм ва экстремизм дар гӯшаву канори ҷаҳон фаъолияти худро ба роҳ монда аз ҷониби кишварҳои қудратхоҳ сармоягузорӣ мешаванд.
Дин ва мазҳаб танҳо василаи таъсиррасонӣ ва гумроҳсозӣ ба гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ хизмат менамояду халос ва ин созмонҳо ягон иртиботе ба дини мубини ислом надоранд. Мо ҳама бояд суханони Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гуш андозем, ки чунин гуфтаанд: “Ба ин тинҷию оромӣ, сулҳу субот бояд шукрона кунем, шукрона кунем, ки чунин Ватани озоду обод дорем”.
Мо пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки доимо мақсаду маромҳо ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро ба шогирдон омӯзонем ва ҳама гуна ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ дошта, махсусан “ТЭТ ҲНИ”-ро маҳкум менамоем. Нест бод ифротгароёни ниқоб дар руй дошта.
Аҳли устодони кафедраи фанҳои риёзӣ
ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ