Нуқтаҳои муҳими Паём

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.2024 дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардид, имкон фароҳам меоварад, ки Тоҷикистони азизи мо ба қатори мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мутамаддину пешрав гардад. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули “иқтисоди сабз”, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас қайд карда шуд. Боиси қайд аст, ки дар панҷ соли минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

  • Такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
  • То шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
  • Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
  • Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
  • Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
  • Андешдани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
  • Ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Аз ин лиҳоз, баҳри вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва рушди ситифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиётсоли 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардид.

Боиси таъкид аст, ки рушди устувори иқтисоиву иҷтимоии имамалакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобастагӣ дорад. Дар ин ҷода ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо минбаъд низ таваҷҷуҳи хоса дода хоҳад шуд.

Ин иқдом моро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани самтҳои зикршудаи иқтисоди рақамӣ равона созем.

Мирзозода Фарҳод Ҷумабой – н.и.и., дотсент.  

You might also like