Бо рӯҳбаландӣ Паёми Пешвои муаззамро омӯхта…

Оре, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат таҳти унвони “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардида, бо вазифагузориву ҷамъбасти ҳаматарафаи соҳаҳои иқтисодӣ, аҳволоти байналхалқӣ, сиёсати дохиливу берунии кишвар, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудан ба соҳаҳои маорифу тарбияи ҷавонон аз Паёмҳои пештара ба куллӣ фарқ менамояд. Чунки Пешвои муаззами миллат ҷамъбасти заҳматҳои меҳнаткашони ҷумҳурӣ дар соли 2024-ро чун шахсияти дар сарварӣ таҷрибаи бой андӯхта ва сиёсатмадори дар арсаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар мизони хиради олии хеш баркашида, ба тоҷикистониёну оламиён манзур намуданд.

Бо мақсади барпо намудани зиндагии шоиста ба ҳар фарди кишвар, хусусан кормандони соҳаи буҷавӣ-омӯзгорону тарбиятгарон ва нафақахӯрон бо рӯҳбаландии бузург Паёми навбатиро омӯхтаву мақбул шуморида, омӯзгорони кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ ба хубӣ эҳсос намуданд, ки зиёд намудани маошу нафақаашон аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат дар оғози соли нави 2025 ба шумор меравад. Махсусан дар замони болоравии нарху навои маҳсулоти озуқаворӣ чунин иқдоми нек ва дастгирии сарвари хирадманди давлат моро водор менамояд, ки аз пештара дида, боз ҳам хубтар заҳмат кашем, дастуру супоришҳои роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таълим ва тарбия кардани кадрҳои ба бозори ҷаҳонии меҳнат мувофиқ ҳиссаи сазовор гузорем.

Дар кору фаъолияти бошарафи омӯзгорӣ аз рӯи дастуру супоришҳои додашуда, навовариҳо ҷорӣ намуда, таълиму тарбияро дар заминаи усулҳои навтарини таълим ба роҳ мемонем, то ин ки насли ҷавон ҳамаҷиҳата тарбияи хуб гирифта, аз гаравидан ба ҳизбу равияҳои тундрав эмин бошанду ба ватану падару модари хеш содиқона хизмат намоянд.

Дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ                                   Кенҷаев Ю.

You might also like