МАОРИФ ЯКЕ АЗ ЗАМИНАҲОИ БУНЁДИИ РУШДИ ДАВЛАТ
…омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз уҳдаи ин рисолати пурифтихор сарабаландона мебарояд.
Пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич дорад. Бесабаб дар Тоҷикистон рушди соҳаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашудааст. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёт фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.
Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи хоса мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, нисбат ба ҳар масъалаи дигар мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Чуноне, ки Пешвои миллат дар паёми навбатӣ иброз намуданд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки “…бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд».
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чӣ қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд. Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим мусоидат менамояд. Омӯзгороне, ки то вақти дарс ва ё баъди он ба савдову корҳои дигар машғул мешаванд ва бе омодагӣ ба дарс меоянд, ба костагардидани сифати таълиму тарбия оварда мерасонад.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш таклиф намуданд, ки аз моҳи июли соли 2025 дар ҳаҷми 30% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шавад. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ заррае ҳам бошад ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳанд расонд.
Ҳамзамон, дар паёми имсола таъкид гардид, ки «Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд». Ҳолати мазкур албатта, саҳми мардуми кишварро дар ташаккул ва рушди соҳаи маорифи кишвар инъикос менамояд.
Ногуфта намонем, ки омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз уҳдаи ин рисолати пурифтихор сарабаландона мебарояд. Чун барои иҷрои дурусту босифати ин рисолати омӯзгорӣ заҳмату ҷонфидоиҳои зиёд тақозо карда мешавад. Ин аз худи ҳар омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд нишон дода, бо сабру таҳаммул машаққатҳоро паси сар менамояд. Зеро омӯзгори ҳақиқӣ боқӣ мондан, бардошту заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисос ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳми муносиби худро гузошта, дар саҳифаҳои рангини зиндагии хеш хотироти некро ҷовидона боқӣ гузоранд. Ба ин нигоҳ накарда омўзгор бояд худ идеал ё худ намунаи гуфторҳои хеш бошад, то дарсҳои ў ба рафтору кирдор ва омўзиши донишљўён таъсир расонад. Чи тавре, ки мебинем, дар кишвар ҳазорҳо муаллимон дорем, аммо на ҳамаи онҳо сазовори ин ному шараф ҳастанд.
Дар воқеъ, маориф дар пешрафти дилхоҳ давлату миллат таъсири мусбат дорад. Маҳз инсониятро маориф соҳиби хираду дониш намуда, онро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар тӯли таърих миллату давлатҳои дорои маорифи рушдкарда тамаддунҳои бузургро офарида, аз худ намунаи беҳтарини фарҳангу маънавиётро боқӣ мегузоранд. Дар баробари ин, маориф, ки омили асосии соҳибтафаккур гардидани инсон аст, барои дарк ва шинохти манфиатҳои миллӣ имкон фароҳам меорад. Ба василаи маориф насли наврас ва ҷавонон арзишҳои миллию давлатии худро дарк намуда, ватандӯсту ватанпараст мегарданд. Яъне, рушди ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа ва бақои давлату миллат ба маориф вобаста мебошад.
Маҳз бо дарназардошти он ки маориф ва илм дар пешрафти давлат нақши асосӣ дорад, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушд додани маориф силсилаи иқдомҳои бузург амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар сиёсатгузориҳои Ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ шуда, сармояи бузурги давлатӣ ба ин соҳа равона гардидааст.
Бешак, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф сохтани мушкилот ва татбиқи чораҳои иловагӣ дар соҳаи маориф хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди босамар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардидани он мусоидат хоҳанд кард. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таъмини иҷрои талаботи дастуру супоришҳо дар рушду тавсеаи соҳаи маориф такон хоҳанд бахшид. Дар ин баробар ин омилҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот заминаи боэътимод ва устувор хоҳанд гузошт.
Қодирзода Мирзоқодир Аюб,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
омўзгори ДДҲБСТ