Паёми 28 декабри соли 2024 – дурнамо ва умедбахш

...аз нигоҳи фалсафа

”Ба инсон барои рафтори бохирад се роҳ вуҷуд дорад: андеша кардан, ибрат гирифтан, таҷриба омӯхтан”

Дар Паёми навбатии имсола 28 декабри 2024, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи мардуми кишвар  пешниҳод гардид, фарогири масъалаҳои умдатарини соҳахои сиёсӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маданияти Тоҷикистон дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Дар Паём таъкид мешавад, ки ”рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумориданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. ”Дар шароити бо суръати баланд ҷаҳонишавии тарзи истеҳсолот, рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, сиёсат, дин, зарурияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, муаррифӣ намудани  тамаддуну фарҳанги миллӣ,  боло бардоштани ҳисси ватандустӣ, огоҳонидани ҷавонон аз ахлоқи назариявию амалӣ, аҳамияти худшиносиву худогоҳӣ дар ташаккули шахсият ва дарёфти мавқеву манзалати хеш дар ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як зиёӣ мебошад. Ташкили мизи мудаввар, баҳсҳои илмӣ, конфронсҳо доир ба мавзуҳои мубрами имрӯза, ба донишҷуён фаҳмонидани аҳамият ва мазмуни мафҳумҳои ваҳдат, сулҳ, робитаи байни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, зарурияти таъмини ҳамзистии осоишта бо давлатҳои ҳамсоя, амнияти миллӣ ва давлатӣ, зарурияти ҳифзи арзишҳои бостонӣ, хеле заруранд. Хотирнишон намудани дастовардҳои даврони истиқлол, барои бедор намудани ҳисси ватандустии ҷавонон сарчашма медиҳад. Дар замони ҷаҳонишавии босуръат ба туфайли интернет, огоҳ будани ҳар як ҷавон аз ахлоқи ҳамидаи ниёгонамон ҳатмист зеро, тамоми ҳаёти мо дар ҷомеа дар иҳотаи одамони гуногуни бисёрандеш мегузарад, ба ин хотир ба ин дунё омадану рафтани ҳар ашхос, худогоҳӣ, хушбахтӣ ва ҳисси ватандӯстии ӯ ба иҷрои талаботи ахлоқӣ тобеъ мебошад. Ахлоқи назариявӣ илми беканорест, ки илмҳои дигар ба он тобеъ мебошанд. Дар фалсафаи Конфутсий чунин омадааст: ”Ба инсон барои рафтори бохирад се роҳ вуҷуд дорад: андеша кардан, ибрат гирифтан, таҷриба омӯхтан”. Маҷмӯи арзишҳои ахлоқӣ барои мӯътадил гардонидани муносибатҳои байниҳамдигарии одамон истифода бурда мешаванд, низоъҳои байни одамонро пешгирӣ намуда, дар ҷомеа оромиро устувор менамояд. Илми ахлоқ беҳтарин аслиҳаи иҷтимоӣ буда, муносибати одамонро ба эътидол меорад. Ахлоқ ва фарҳанг заминаи рушди шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва асоси ҳаёти маънавианд. Ахлоқу фарҳанги моддӣ, маънавӣ ва сиёсӣ арзишҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад. Дар ҳама давру замон, хусусан дар замони фарогирии интернет, ки оламро ба як деҳаи калон табдил додааст, заду хӯрди тамаддунҳо, низоъҳои идеологӣ, динӣ, равонӣ, бактериологӣ, технологӣ, масъалаи тарбияи инсони комил ҳамчун муаммои башар боқӣ мемонад, бинобар ин тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида вазифаи авалиндараҷаи илмҳои фалсафа, диншиносӣ, адабиёт, санъат, этика, мантиқ ва сиёсатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастиву худогоҳӣ бетаъсир намемонад. Ба туфайли соҳибистиқлолӣ, арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллӣ аз нав эҳё шудани онҳо, ба хотири баланд бардоштани худогоҳии миллати тоҷик ҳамаҷониба таъсирбахш ва қобили қабул аст.

Барои тарғиботчиён, сарпарастони гуруҳҳои академӣ, олимони ҷавон баҳри осонтар ва пурмаҳсултар фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми имсола, ба таваҷҷӯҳи ҷавонон, мардуми ноҳияву деҳот диққати асосӣ бештар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва созмон додани барномаҳои дурнамо, яъне роҳҳои паст фаровардани сатҳи камбизоатӣ, зина ба зина амалигардонии саноатикунонии мамлакат, роҳҳои беҳтар ба роҳ мондани соҳибкорӣ, амалӣ гардонидани ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, аҳамияти бештар додан ба сифати маҳсулоти озуқаворӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи кишоварзони ватанӣ дода мешавад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод менамояд. Дар паём махсус кайд шудааст, ки дар кодекси андоз дар таҳрири нав ки амали он аз соли 2022 огоз мешавад, бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат, ки боиси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мегардад. Ҳадафи олии давлат ва ҳукумат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Раҳо додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмин намудани рафтуомади бемамонияти мусофирон бо нақлиёт, идома додани сохтмон ва таъмири роҳҳои мошингарди ба талаботи замона ҷавобгӯ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, идома ёфтани сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обии хурду калон, азнавсозии 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар ба манфиати тамоми шаҳрвандони мамлакат нигаронида шудааст, зеро дар асри ХХI, ки асри интернет ва иттилоот мебошад, зарурат ба қувваи барқ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Дар Паём чунин омадааст: “…ҳукумати ҷумҳурӣ дар тӯли 30        соли истиқлолият дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо сармоягузорӣ намудааст. Дар тули ин солҳо 3240 муассисаи нави таълимӣ барои толибилмони таҳсилоти умумӣ, ки дастоварди бузурги истиқлолият дар соҳаи маориф таи сӣ сол мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъд, ки барои таҳсил дар хориҷа сафарбар шуда истодаанд сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Ҳамасола зиёда аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди тоҷикистонӣ барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон ҳамеша аҳамияти авалиндараҷа медиҳанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмиллӣ , ба ҳадафи муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат табдил ёфтааст. Бунёди миллат аз маориф огоз меёбад. Раванди таълим сол то сол ба низоми муайян даромада истодааст, вале зарурияти аз ин ҳам баланд бардоштани сифати таълиму таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба бозори меҳнат рақобатпазир, омӯхтани технологияи муосир ва забонҳои хориҷию русӣ дар соҳаи маориф ҳамеша ба миён меояд.

             Пешниҳод: ба ҳамаи шахсоне ки паёми имсоларо таргиб менамоянд:

-пешниҳод намудани маълумот оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар тули наздик 35 сол;

– ба таваҷҷуҳи шунавандагон расонидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ;

– тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ;

– маълумот дар бораи таҳрири нави сиёсати андоз;

– дар бораи барномаҳои дурнамои Хукумати Тоҷикистон;

– доир ба паст фаровардани сатҳи камбизоатӣ;

– ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;

– саноатикунонии мамлакат барои панҷ соли минбаъда то ҷашни 35 солагии ҷумҳурии тоҷикистон;

– нақшаҳои баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи методҳои инноватсионӣ дар таълим;

– маълумот оиди лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқӣ- обӣ.

Почоева Муҳаббат

дотсенти кафедраи фанхои чамъиятӣ

You might also like