Ҳамлаи номуваффақи наҳзатиён

Санаи 6 ноябри соли 2019 як гурўҳ наҳзатиёни дунёбехабар ва сиёҳкорони ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди “Султонобод” ҳуҷум карда хостанд вазъияти Тоҷикистонро ноором созанд.

Аммо фаъолияти фаврии сарҳадбонони Тоҷикистон ин ҳамларо пешгирӣ намуда аз гурўҳи 20-нафара, 15 нафарашонро безарар ва боқимонда дастгир шуданд. Андеша дорем, ки ин сиёҳкории наҳзатиёни бехонумон аст. Зеро дар аксҳое, ки дар сомонаҳои расмӣ аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятнок ҷойгир карда шудаанд аён аст, ки чанд нафаре аз онҳо занон сатри сиёҳро ба бар карда, дигарӣ чун ҷўгиёни бехонаву дар бо риши сиёҳ дар хун оғушта рўи замини сард хобанд. Хуб саволе ба миён меояд, ки ҷон бохтанҳои бемақсад чӣ ҳоҷат, дар ҳолате, ки имрўзҳо ҳама дар ташвиши пешбурди ҳаёт ва фаъолияти худ ҳастанд ва тамоми шароит барои зиндагии осоишта дар кишвари маҳбубамон фароҳам оварда шудаанд. Магар онҳо бо «дигар ҷои худ» фикр менамоянд, ки даст ба чунин ҳаромкориҳо мезананд. Шояд онҳо бепадару модар бехонаву бедар беномусу бенанг ҳастанд, ки роҳ сўи худкуширо пеша намудаанд. Андеша дорем, ки онҳо дар ин роҳи нопок аз гумроҳӣ ва беандешагӣ худ даст додаанд ва ба мақсади бемони худ нарасиданд. Онҳо шогирдони наҳзатиёне мебошанд, ки танҳо нопок сохтани номи дини мубини Исломро доранду халос.

Ба қавли намояндагони ин ҳизб фаъолияти беш аз 40- солаи онҳо танҳо барои озодӣ будааст. Бояд гуфт, ки аз аввали фаъолият мақсаду ҳадафи Ҳизби наҳзати исломӣ, исломкунонии ҷомеа ва бунёди давлати исломӣ аст. Кӯшишҳои исломикунонии ҷомеа ва сохтани давлатӣ исломӣ дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз он дарак медиҳад, ки ин фикр куллан ғалат буда ба нооромшавии ҷомеа ва пайдоиши гурӯҳҳои ифротию террористӣ оварда мерасонад.

Амалҳои аъзою намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ баёнгари он аст, ки терроризму ифротгароӣ хусусияти ҳизб буда, ҳеҷ вақт пойбанди демократияю озодӣ шуда наметавонад. Боре мушоҳида накардаем, ки роҳбарияти ҳизб амалҳои зишти аъзоёнашро маҳкум ё пешгирӣ карда бошад. Баръакс чун мақоли қадимаи тоҷикон «болои сӯхта намакоб мерезад» гӯён, дастгирӣ ва ҳатто сармоягӯзорӣ мекунад. Мо хуб дар ёд дорем, ки ошӯби Назарзодаро кӣ сармоягузорӣ кардааст.

Теъдоди кӯчаки тарафдорону аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ бо собиқ раиси он Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Аврупо паноҳ бурда қасд доранд, ки дар фурсати муносиб вазъи Тоҷикистонро ноором созанд.

Сиёсати як катор давлатхои ғарб ба он нигаронида шудааст, ки ба террористон ягон хел гузашт накардан, ба давлатҳое, ки террористонро химоя мекунанд, фишор овардан, ҳамаи кувва ва воситаҳоро аз он чумла, куввахои ҳарбиро зидди террористон истифода бурдан ба дигар давлатҳо барои мубориза бар зидди террористон ёрӣ расонидан иборат аст.

Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони ҷонибдори ин сиёсат буда, ҳамеша барои муборизаи бемон бурдан бо террористон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати самаранок ва сулҳҷўёнаро пеш бурда истодааст, ки ҷаҳони имрўза шоҳид аст. Ҳаминро илова менамоем, ки  террористон тавонистанд ба нияти нопоки худ расанд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки онҳо ҳамаи ин амалҳоро аз номи дини мубини ислом ифшо менамоянд ва ин аст, ки онҳо дўчори ғазаби Худованд гардида истодаанд.

Санавваров Ғ.Б.н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ

You might also like