Фаъолияти дастаҷамъонаи гуруҳҳои ифротӣ

Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷумлаи он кишварҳост, ки солҳои дароз ба майдони рақобати давлатҳои абарқудрат табдил ёфтаасту  таваҷҷўҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Қариб рўзе нест, ки расонаҳои хабарӣ оид ба таркиш ё амалӣ террористӣ дар қаламравӣ Афғонистон, нагуфта бошад.

Афзоиши гурўҳои терористиву экстремистӣ ва нуфузи онҳо ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии Афғонистон мушкилоти амнияти ин кишвар ва минтақаи Осиёи Марказиро дучанд кардааст. Имрўзҳо тибқи маълумоти хабарии расмӣ зиёда аз 21 гурўҳои терористию экстремистӣ аз қабили «Ҳаркати исломии Ўзбикистон», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «Иттиҳоди ҷиҳодӣ исломӣ», «Ал-қоида», Толибон, «Таҳрики Толибони Покистон», «Сипоҳи саҳоба», “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқии Чин”, «Сарбозони хилофат»-и Қазоқистон, “ДОИШ”, қаноти дигари “ДОИШ” бо номи “Хуросони Бузург” дар қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ки бевосита омили асосии бесуботии сиёсӣ дар ин кишвар ба шумор равфта, дар манбаи хатар дар минтақа шумор мераванд.

Ҳузури ҷангиёни ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» дар қаламрави Афғонистон нооромиро дар ин кишвар густариш дода ба давлатҳои минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт ки интиқол ёфтани гурўҳи террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон таҳти нақша ва сарпарастии нерўҳои хориҷӣ сурат гирифта, ҳадафашон на танҳо Афғонистон, балки ноором сохтани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, зеро аксарияти ҷангиёнӣ “ДОИШ”, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар баробари ин , теъдоди зиёди ҷавонони Афғонистон низ ба сафи ин гурўҳи террористӣ пайвастанд ва шумораашон дар ҳолӣ зиёдшавӣ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тибқи иттилоотии расонаҳои хабарӣ тақрибан соати 03:23 дақиқа 6 ноябр гурўҳои бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи яъне ба сарҳади ороми Тоҷикистону Узбекистон ҳамлаи террористӣ анҷом доданд.

Бояд хуб дарк кунем, ки ҳама он гурўҳҳои террористие, ки давлат, миллат, хоби ором надоранд аз ҷиҳати фаҳмишҳои идеологӣ ба ҳамдигар монанданд, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рафти гузариши амалиётҳои ҷангӣ якҷоя амал кунанд. Зеро ба ақидаи онҳо дастҷамъона самараи бештар ба бор меорад.

Мақсади аввалиндараҷаи ифротгароён ин халалдор сохтани амнияти мардум, давлату ҳукумат, ба таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути чунин амалҳои ифротӣ мехоҳанд ба мақомоти давлатӣ бо роҳи ғайриқонунӣ фишор оваранд. Ҳаракатҳои номатлуб мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомот барои қабули қарори ғайриқонунӣ ва бо мақсади резонидани обрў ва эътибори мақомоти давлатист. Аксари вақт ҳолатҳои зиёде ба вуҷуд меоянд, ки дар он терроризм хосияти инфиродӣ пайдо менамоянд ва онро сабабҳои қасд ва норозигии шахсӣ бунёд месозанд, ки аксаран дар зери омилҳои рўҳӣ ва носозгорию нобасомониҳо чунин амалҳо ба вуқўъ мепайванданд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд.

Гурўҳҳои ифротгарро талош доранд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононро, ки имрўзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сўи худ ҷалб намоянд. Аз ҷумла муайён гардид, ки аз 5 нафар оздоштшудагони шаби 6-уми ноябр чанд нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳад. Занҳои гумроҳ ҳамчун “нафари худтарканда” барои гуруҳҳои ифротӣ хизмат менамуданд. Бинобар ин дар рўҳияи ватандўстӣ, ифтихорӣ миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, ҷавонписарону ҷавондухтарон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Маъмуров А.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи 

андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like