Бехабарӣ ва ё нодонӣ наҳзат?

Аз замони ба даст овардани истиқлоқлолият то ба имрӯз бисту ҳашт сол сипарӣ шуда истодааст. Дар ин муддат миллати сарбаланди тоҷик зери сарварии Пешвои худ дар оромию осоиш ва амну субот зиндагӣ дорад. Оромию субот ва рушду пешрафти рӯзафзуни кишвар дар соҳаи дин, илму маориф ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию маънавӣ ҳама бастагӣ дорад ба сиёсати инсонпарваронаю сулҳпарваронаи абармарди таърихи муосири тоҷик Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар радифи чанд тан сиёсатмадорони маъруфи дунё, ки бо тарҳрезии низоми муносиби байналмилалӣ дар пуштибонӣ ва иршоди ормонҳои миллию динии мардуми тоҷик ба тавфиқи комил расидааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми арзандаеро касб намудааст. Пешвои миллат дар саросари дунёи мутамаддин ба ҳайси чеҳраи баргузидаи сиёсӣ аз ҷониби конунҳои байналмилалӣ ва сарварони кишварҳои ҷаҳони муосир бо ихлосу иродат эътироф карда шуда, мавқеъгирӣ ва равишҳои усулии сиёсати Сарвари тоҷикон боиси пазироӣ ва истиқболи ҳамагон гардидааст. Ба иқболи миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳури шахсияте дар саҳнаи таърихӣ рост омад, ки дар саропои вуҷуд ва андешаҳои созандааш муҳаббати бепоён ба сарзамину мардуми хеш, ба таърих ва муқаддасоти миллӣ шуълавар буд, ки рӯшноии сафоангези он дарвоқеъ, чароғи ҳидояти миллати куҳанбунёди тоҷик гардид.

Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар пойтахти кишварамон дар садади ба итмом расидан аст, ки ин боиси хушҳолӣ ва хурсандии мардуми мусалмони кишвар гардидааст.

Дар ин росто, чанде пеш Пешвои миллат хишти аввали бинои Донишкадаи  исломии Тоҷикистонро дар паҳлуи ҳамин масҷид гузоштанд, ки ин барои ояндаи миллати тоҷик ва густариши дини мубини ислом иқдоми бисёр муҳим ва хурсандиовар аст.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад. Мутаассифона, мухолифини ҳақношинос, пайравони Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки дар беруни кишварамон сару садоҳои беасос мебароранд, аз ин пешравиҳо ё бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ меандозанд. Дар ҳақиқат, дар ин давраи истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мусулмони дӯстдори илму маърифат ба орзуҳои худ хоҳанд расид. Мо мардуми мусулмон аз таълимоти Худову Паёмбар чунин омӯхтаем, ки агар шукронаи неъмат кунем, неъматамон афзун мешавад, в-ар на аз кафамон берун хоҳад рафт .

Таманно мекунем, ки Худои меҳрубон, ин иқдом ва иқдомҳое, ки ҳама барои ободии ин кишвари азизи мо равона шудаанд, ҷомаи амал пӯшонад. Худо кунад, ки ин амнияту оромии кишвари азизамон Тоҷикистон бардавом бошад ва навовариҳо дар кишвари азизамон бештару беҳтар бигарданд. Ин иқдоми навбатӣ барои ҷавонони кишвар як дастовардест, ки гузаштагони ин милат ин орзуҳоро ба хок бурдаву мутаассифона, ба ин неъмат нарасиданд.

Имрӯз дар даврони истиқлолияти кишвар бо ташабуси Пешвои миллат ҷавонони дӯстдори илму маърифат ба орзуи деринаи худ расиданд. Мусалмонони кишвар бояд як умр аз роҳбари хирадманди худ миннатдор бошанд, ки ин иқдоми имрӯза аввалин ва охирин ҳам нест. Худованди меҳрубон  ин сулҳу ваҳдати кишвари азизи моро бо раҳбараш нигоҳ бидорад ва пешрафтҳои зиёде барои милати тоҷик  арзонӣ дорад.

Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳар касе қадри хизмати як шахсро надонад, он нафар хидмати Худовандашро надонистааст». Пас ин миллати барӯманди тоҷик бояд ин хизматҳои Пешвои миллатро хуб бишиносанду қадру арҷгузорӣ намоянд, то Худованди маннон ин амнияту оромиши кишварро  бештар намояд. Чашми душманони миллат, ба хусус наҳзатиёни ифротӣ ва доишиёни гумроҳро кур гардонад.

Ҳасанов М.С. – сармуаллими кафедраи

назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like