…нияти шоҳи мамлакат ризқи сокинони онро муайян месозад

Соҳаи маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва ба ин самт эътибор додани Пешвои миллат низ беҳуда нест.

Санаи 28.12.2024 аҳли кишвар ба тариқи симо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гӯш намуданд.

Дар Паёми имсолаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта ба ҳамаи самтҳои хоҷагии кишвар таваҷҷуҳ намуда, махсусияти рушд ва тараққиёти соҳаҳои гуногунро тавзеҳ доданд.

Соҳаи маориф аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад ва ба ин самт эътибор додани Пешвои миллат низ беҳуда нест. Дар ҳамаи давраҳо соҳаи маориф соҳаи калидӣ ба шумор мерафт. Махсусан, дар замони имрӯз, ки наздикшавии тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳои гуногун хавфи аз байн рафтани расму одатҳоро ба миён меоварад, таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти кишвар ба тамоми қишрҳои гуногуни кишвар моро ҳушдор месозад, ки дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон бетафовут набошем.

Таҷдиди назар гардидани қонунҳои миллӣ, тағйиру иловаҳо ба он низ моро ҳушдор менамояд, ки нисбати падидаҳои номатлуб дар ҷомеа мубориза намоем ва нагузорем, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳадафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо гардад.

Дар китобе хонда будам, ки нияти шоҳи мамлакат ризқи сокинони онро муайян месозад. Дар суханрониҳои хеш Пешвои миллат баҳри ободию гулгулшукуфоӣ ва пешрафту зиндагии шоистаи мардум, ҳамкорию ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ҳамсоя, некии мудому бардавом ба хешу табору волидайн, дӯст доштану содиқ будан ба Ватан, онро ҳамеша чун гавҳари чашм эҳтиёт кардан аз нохалафонро таъкид месозанд ва ин нияти неку созандаи Пешвои муаззами миллатро нишон медиҳад.

Таваҷҷуҳ ба забони давлатӣ, донистани чанд забони хориҷӣ, ҳамеша фаро гирифтани касбу ҳунарҳои гуногун барои ҷавонон аз дастурҳоест, ки бояд ҳар нафар онро донад ва дар ҳаёти худ чун раҳнамо истифода намояд.

Баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва ба вуҷуд омадани ҷойҳои кории нав мо маорифчиёнро вазифадор месозад, ки ҳамеша аз пайи таълиму тарбияи насли ҷавон бошем ва кӯшиш кунем, ки барои зиндагии шоистаи ояндагон меҳнати бошарафона намоем.

Дар Паёми худ Пешвои миллат ба сатҳи баргузории озмунҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки бояд бештар мутолиа намоем. Вобаста ба он пешниҳод сохтанд, ки вазъи китобхонаҳо дар кишвар бояд беҳтару дар ҳар минтақаву деҳа китобхона вуҷуд дошта бошад. Сокинон барои босавод шудани фарзандонашон, бахусус духтарон монеа эҷод накунанд. Мақоми занон дар ҷомеа бояд боло бошад, зеро зан тарбиятгари асосист.

Устодону омӯзгорони донишгоҳ аз дастуру супоришҳое, ки дар самти таълиму тарбия муҳтарам Президенти кишвар вогузор сохтанд, кӯшиш менамоем, ки иҷро намуда, барои пешравии ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Раҳматова Дилрабо Аҳмадҷоновна

дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like