Мубориза бо коррупсия ва терроризм дар Тоҷикистон

Точикистон, дар замони муосир, бо чандин таҳдидҳо ва масъалаҳои ҷиддии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст. Ду мавзуи асосие, ки ба манфиат ва амнияти кишвар таҳдид мекунанд, коррупсия ва терроризм мебошанд. Мубориза бар зидди ин ду зуҳури манфии иҷтимоӣ барои Тоҷикистон аҳамияти хос дорад, зеро онҳо на танҳо ба рушди кишвар зарар мерасонанд, балки амнияти умумиро низ хатарнок мегардонанд.

Коррупсия яке аз мушкилоти аслии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ба ибораи дигар, коррупсия як хатари ҷиддӣ барои рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ аст. Мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як зарурати бунёдӣ барои беҳтар кардани фазои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст.

Барои мубориза бо коррупсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чораҳо андешидааст. Аз ҷумла, қабули қонунҳо ва қарорҳои ҳукумат, ки ба коҳиш додани коррупсия равона шудаанд. Бозсозии муассисаҳои давлатӣ, таҳкими мониторинг ва рушди нақшаҳои стратегӣ барои таъмини шаффофияти идоракунии давлатӣ ва иқтисодии кишвар хеле муҳим аст. Таъсиси Комиссия оид ба мубориза бо коррупсия, инчунин пешниҳоди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои эҳё намудани фарҳанги адолат ва муҳити ҳокимият, аз ҷумлаи иқдом барои муқобилат бо ин проблемаи ҷиддӣ мебошад.

Терроризм ва экстремизм-ду таҳдиди ҷиддӣ ҳастанд, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар ҳолати Тоҷикистон, мавзуи терроризм ва экстремизм бо эътибор ба раванди ҷаҳонишавӣ ва вазъияти геополитикии минтақа алоқаманд аст. Давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа бояд муттаҳид шаванд, то бо ин падидаҳои хатарнок мубориза баранд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон як ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвар аст. Ҳукумат ба ин ду масъала аҳамияти хос медиҳад ва якчанд тадбирҳо барои таъмини амният ва барҳам задани гурӯҳҳои терористӣ ва эксремистӣ андешида шудаанд. Барои даст ёфтан ба ин мақсад, давлат як силсила қонунҳо ва барномаҳоро амалӣ карда, ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва дигар созмонҳои амниятӣ таҳким додааст.

Таъмини амният дар сарҳадҳо, мубориза бо гурӯҳҳои терористии ба ном «Давлати Исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар минтақа фаъолият мекунанд, аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм мебошад. Тоҷикистон барои таъмини амният ва пешгирии терроризм дар минтақа як мақсад дорад, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои байналмилалӣ аст.

Ҳадафҳои умумии мубориза бо коррупсия ва терроризм

Мубориза бо коррупсия ва терроризм дар Тоҷикистон ба як марҳалаи муҳим дар таъмини субот ва амнияти кишвар табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии ин муборизаҳо — сохтани як давлати ҳуқуқбунёд, озод ва амну осоишта мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, муҳим аст, ки тамоми нерӯҳои ҷомеа, аз ҷумла давлат, созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳли ҷомеа ба таври ҳамоҳанг ва якҷо амал кунанд.

Дар ниҳоят, мубориза бо коррупсия ва терроризм ба як раванди умумӣ ва маҷмуии таъмини амният ва рушди устувори Тоҷикистон табдил ёфтааст. Раҳоӣ додани кишвар аз ин таҳдидҳо як вазифаи муҳим аст, ки ба амнияти ҷомеа, устувории иқтисодӣ ва рушди кишвар кӯмак мекунад.

Роҳҳои ҳалли барои мубориза бо коррупсия:

Таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ: Созмонҳои мустақил, масалан, созмонҳои ғайридавлатӣ ва бахшҳои мустақили таҳлилӣ метавонанд фаъолияти идоракунии давлатӣ ва истифодаи маблағҳои давлатиро назорат кунанд. Бояд як системаи комили электронӣ (барномавӣ) эҷод карда шавад, ки дар он тамоми қарорҳо ва санадҳо (мисли тасмимҳо ё ҳуҷҷатҳои расмӣ) вобаста ба идоракунии маблағҳо ва истифодаи онҳо автоматикӣ сабт ва назорат шаванд. Ин система ба он шеваи «навбат»-и анъанавӣ, ки дар он мансабдорон ё маъмурон ба таври дастӣ ё бо тартиби кӯҳна амал мекунанд, иваз карда шуда, кӯмак мекунад, то ҳамаи амалиёт шаффоф ва осонтар пайгирӣ шаванд. Мақсади ин раванд — кам кардани имкониятҳои коррупсионӣ ва беҳтар кардани шаффофият дар истифодаи маблағҳои давлатӣ мебошад.

Таъмини амният ва адолати ҳуқуқӣ: Дар баробари таъмини раванди шаффофияти давлатӣ, равандҳои маъмурӣ (механизмҳои корӣ ва сиёсати маъмурӣ) ва ҳуқуқӣ (қонунҳо ва қарорҳои расмии ҳуқуқӣ) низ бояд таҳия ва иҷро шаванд. Яъне, барои пешгирии коррупсия, бояд чораҳои муфассал ва роҳу равишҳои муайян барои назорат ва ҳал кардани мушкилоти коррупсионӣ дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ таҳия карда шаванд.

Маърифатнокии ҳуқуқии зидди коррупсионӣ: Раванди маърифатнокии зидди коррупсия дар Тоҷикистон бояд аз мактабҳо, донишгоҳҳо ва ҷомеа оғоз ёбад. Маърифати ҳуқуқӣ-иҷтимоӣ дар бораи зарарҳои коррупсия ва паёмадҳои манфии он метавонад мардумро ба мубориза бо ин падида сафарбар кунад.

Роҳҳои ҳалли барои мубориза бо терроризм ва экстремизм:

Ҳамкории байналмилалӣ: Ба мавриди мазкур, кӯмакҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои ҷаҳонӣ, махсусан дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, хеле муҳим аст. Барои ин, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо гурӯҳҳои терористӣ дар марзи Тоҷикистон ва ҳудудҳои наздии кишварҳо, ба монанди Афғонистон, бояд идома ёбад.

Омодасозии шаҳрвандон: Барномаҳои маърифатӣ ва омодасозии шаҳрвандон, ки бо мақсади пешгирӣ аз экстремизм ва таълим дар бораи арзишҳои инсонӣ ва якдигарфаҳмии динӣ равона шудаанд, метавонанд кӯмак кунанд. Мақсад аз ин омодасозӣ ин аст, ки мардум бо ифротгароии динӣ ва экстремизм ошно шаванд ва бо таҳдидҳои эҳтимолии иҷтимоӣ зиддият кунанд.

Сиёсати радди равандҳои экстремистӣ: Ҳукумат барномаҳои махсуси сиёсӣ ва амниятиро дар самти рад кардани ифротгароии сиёсӣ ва динӣ таҳия кардааст. Дар ин бора, баланд бардоштани назорат дар расонаҳои иҷтимоӣ ва интернет метавонад барои пешгирии тарғиби экстремизм ва амалҳои терористӣ кӯмак кунад.

Бояд таъкид намуд, ки барои беҳтар кардани мубориза бо коррупсия ва терроризм дар кишвари мо як қатор корҳо анҷом дода шуда истодаанд:

  1. Таъмини дахлнопазирии қонун ва маъмурият: Барои мубориза бо коррупсия ва терроризм, қонунгузорӣ ва системаи ҳуқуқӣ маҳкамаҳо ва сохторҳои мустақили адолат фаъолият мебаранд ва дахлнопазирии суд ва додгоҳҳо, барои муҳокимаи корҳо ва парвандаҳо, ки ба терроризм ва коррупсия алоқаманданд, таъмин мегарданд.
  2. Фаъолияти муассисаҳои иттилоотӣ: Мақомот сохторҳои мустақили иттилоотиро, бо мақсади фошсозии амалҳои терроризму экстремизм, таъсис додаанд, ки омор ва таҳлилҳои воқеӣ ва муосирро дар бораи таҳдидҳои амниятӣ пешниҳод кунанд.
  3. Таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ: Ҷамъият ва созмонҳои ғайридавлатӣ нақши муҳими худро дар мубориза бо коррупсия ва терроризм эҷод карда истода, бо мақомот якҷо ва ҳамоҳанг фаъолият кунанд. Барномаҳои маълумотдиҳӣ ва омӯзишӣ, ки ба хатарҳои терроризм ва коррупсия равона шудаанд, дар байни мардум густариш пайдо мекунанд.

Мубориза бо коррупсия ва терроризм дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, як маъракаи комилан якҷояи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, ки дар он ҳар як бахш бояд саҳмгузор бошад.

Коррупсия манбаи асосии фақр, пастравии иқтисодӣ ва набудани адолат аст, ки барои рафъи он бояд шаффофият, омӯзиш ва таъмини адолати ҳуқуқӣ дар ҷомеа таъмин шавад. Аз тарафи дигар, терроризм ва экстремизм таҳдиди мустақим ба суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар мебошад, ки барои пешгирии он зарур аст ҳамкории байналмилалӣ ва омодасозии шаҳрвандон дар муқобила бо ифротгароии динӣ ва сиёсӣ таҳким ёбад.

Барои рафъи ин мушкилот, Тоҷикистон ба тадбирҳои муҳими ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, ва ташкили барномаҳои маълумотдиҳӣ ниёз дорад. Танҳо бо ҳамоҳангии давлат, ҷомеа ва ташкилотҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон метавонад дар мубориза бо коррупсия ва терроризм муваффақ гардад ва амнияти устуворро барои рушди кишвар таъмин намояд.

Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан-доктори илмҳои иқтисодӣ, ректор

You might also like