Арҷгузорӣ ба санаҳои муқаддас дар ДДҲБСТ
Чорабиниҳои гуногун ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҷалби олимону мутахассисон ва аҳли зиё ҷараён дорад. Дар кафедраи забони англисии факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи донишгоҳ дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо”, “Парчами миллӣ рамзи давлатдорист” ва “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими давлатдорӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро мудири кафедраи забони англисӣ Мирзоҷонова М.Қ. ифтитоҳ намуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи комил, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас маънидод кард.
Дар идомаи мизи мудаввар устодони кафедра дар мавзӯҳои “Президенти мо – Пешвои мо”, “Парчами миллӣ рамзи давлатдорист” ва “Нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими давлатдорӣ” маърӯзаҳо шунида шуданд.
Зикр гардид, ки якҷоя ҷашн гирифтани ин санаҳои муқаддасу гиромӣ бесабаб нест. Зеро дар Иҷлосияи тақдирсоз Раиси Шӯрои олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири минбаъдаи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар интиҳо гуфта шуд, ки бояд ҳар нафар ба ин муқаддасоту санаҳои муҳими таърихӣ арҷ гузоранд ва дар ҳифзу ҳимояаш саҳмгузор бошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





