Исломро олуда насозем
Дар ибтидои асри ХХI падидаи ҷаҳонишавӣ рушд намуда, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни халқу давлатҳои гуногун барқарор гардиданд. Аз тарафи дигар, мутаассифона, падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (наркобизнес) дар ҷомеаи мо реша ронданд. Андешаҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият мухталифназаранд, «ифротгароӣ»-«экстремистӣ» ҳисобида мешаванд. Агар дар ҷомеа нуқтаи назари намояндаҳои динии даврро бар хилофи моҳияти аслии дин маънидод кунем ва ба ҳаракати радикалии сиёсӣ табдил диҳем, ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ба вуҷуд меояд.
Экстремизм аз рўи мазмун–динӣ ва дунявӣ ё аз рўи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналхалқӣ шуда метавонад. Нигоҳи экстремистӣ ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад, ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. “Экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад, экстремизми динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ, буддоӣ, ҳиндуия ва ғ.) мавчуд аст”.
Экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, он дар куҷое, ки зуҳур намояд дар назди худ мақсади асосӣ– барпо намудани “халифат – нахустдавлати арабумусалмон”- ро мегузорад. Бо ин мақсад низоъҳо, ихтилофҳои мазҳабӣ ба вучуд меоварад, ҳаракатҳои мусаллаҳона ташкил карда, бо роҳи зўроварӣ ғасби ҳокимият ва хунрезиро пеша мекунад. Ин амалҳо садди роҳи мустақилияти ҳар миллат, монеъгӣ баҳри тараққиёти ҷомеа мегардад. Дар ин маврид, ҳаминро бояд таъкид намуд, ки дар китоби муқаддаси мусулмонон -Қуръон мафҳуми Халифат нисбати давлати алоҳидаи мусулмонон вуҷуд надорад. Тибқи маълумоти ҳадиснигорон-Абу Довуд ва Имом Тирмизӣ дар як ҳадиси Муҳаммад (с.а.с.) омадааст: «Халифат дар ҷомеаи ман сӣ сол арзи ҳастӣ мекунад. Сипас, салтанат (шоҳигарӣ, монархия) ҳукм меронад», яъне давлатҳои алоҳида ҳукмронӣ мекунанд.
Амалҳои даҳшатноки террористии солхои охир, ки дар Покистон, Шарқи наздик (Сурияву Ироқ), Россия, Фаронса ва дигар манотиқи ҷаҳон содир шуданд, ҳаминро собит мекунад, ки терроризм бо кадом ливое (динӣ, сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ) баромад кунад, дар зери кадом ниқобе зуҳур намояд, мардуми бошууру меҳанпарасти кишварамон, алалхусус ҷавонони баору номус бояд моҳияти андешаҳои нопоку ҷинояткоронаи онро дарк намуда, зиракии сиёсиро пеша намоянд.
Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ хастем, ки имрўзҳо созмони ба ном «Давлати исломӣ» (аз соли 2013- Давлати исломии Ироқу Лубнон) ба яке аз бузургтарин гурўҳҳои террористии ҷаҳон, хосатан олами ислом табдил ёфтааст. Чӣ тавре, ки маълум, аст «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия ва дигар давлатхои араб зўроварӣ, қатлу ғорат, кушторҳои бераҳмонаро ба роҳ мондаанд. Роҳбарон ва пешвоёни ғоявии «Давлати исломӣ» ин ташкилотро ба сифати бузургтарин созмони исломӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо аз рўи амалаш ин ташкилот имрўз ба созмони ҷиноятпешаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Созмони мазкур дар давраи аввал бо номи «Ҷамоат ал-Тавҳид вал – Ҷиҳод» маълум гашт, сониян якчанд бор номи худро иваз намуда, аз январи соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии гурӯҳҳои террористӣ ба як ташкилоти воҳид бо номи «Ал – Қоидаи Ироқ» машҳур гашт. Сониян, бо номи «Шурои муҷоҳид» ном гирифтааст. Аз октябри соли 2006 бо номи «Давлати исломии Ироқ» Ба ҳайати ибтидоии он шохаи Байнаннаҳрайнии «Ал- қоида» таҳти роҳбарии Абу Мусаб –ал Зарқавӣ, муҷоҳидони Шурои (палатаи болоии Миср) ва аъзоёни гурўҳии ҳарбии ироқи чанубии Ҷунд ас- Самоӣ, ки дар расонаҳои хабарии Ғарб бо номи Аскарони осмонӣ» маълум буд, шомил гашта буданд.
Баъди кушта шудани Зарқавӣ ҷойи ўро Абу Абдуллоҳ ал-Рашид ал-Бағдодӣ (ё ки Абу Умар ал-Бағдодӣ) соҳиб шуд ва то соли 2010 «ДИИ»-ро сарварӣ намуд. Маҳз Абу Умар ал-Бағдодӣ ҳуҷуми ДИИ –ро ба Сурия оғоз намуд. Аз соли 2010 инҷониб «Давлати исломӣ»-ро Иброҳим Аввад ал-Бадри ас-Самарроӣ (ё ки Абубакр Бағдодӣ) роҳбарӣ менамояд.
“Имрўз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавҷуд аст, бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳои гузаронидани ислоҳот ба назар мерасанд. Барои ба мазмуни ин масоил расидан бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар исломи муосир маълумот дошта бошем:
– ҷонибдорони ҷараёни аввал мўътакиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин, ҳастанд. Айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.
– ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.
– ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом мақсади ислоҳ намудани оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекўшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рўи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми диниро пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.
Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Салафия» ба шумор меравад. Салафия аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он бо роҳи зўроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.
Мутаас ифона, имрўзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, онҳо байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиёти хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.” (Салим Сайвализода. Ифротгароии динӣ ва хатари он ба амнияти миллӣ).
ТАКЛИФҲО:
-Мо бояд садди роҳи ниятҳои ғаразноки гурўҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ гардем, кўшиши вобаста намудани терроризмро бо ислом – бо дини бобоёнамон маҳкум намоем. Имрўз бояд ба ҳифз кардани арзишҳои миллиамон, аз чумла маърифати ислом кушиш намоем. Нагузорем, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ ва экстремистии динӣ дар диёрамон, маҳалли зистамон дар зери ниқоби ба масчидҳо ёрӣ расонидану созмон додани ташкилотҳои динӣ, дар мавзеъҳои аз ҷониби сохторҳои давлатӣ назоратнашаванда ба роҳ монда шавад.
-Мо бояд ба ҷанбаҳои дохиливу берунаи мубориза алайҳи амалҳои террористиву ифротгароии динӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Пеш аз ҳама сиёсати давлатамонро баҳри кушодани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон дастгирӣ намоем, тавассути сиёсати бисёрҳизбӣ ва ошкорбаёнӣ ба ин масъала таваҷҷўҳ намуда, иртиҷоъпарастиро зери танқиди шадид қарор диҳем, ниятҳои қабеҳи гурўҳҳои террористиву экстемистиро фош намоем, оид ба ин масъала семинарҳо, анҷуманҳои илмии сатҳи маҳалливу байналхалқӣ доир намоем, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид созем.
-Ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, то ки холигии мафкуравӣ дар ҷомеа пурра гардад. Пеши роҳи воридшавии мафкураҳои бегонаро гирем. Ба арзишҳои таърихиву миллии тоҷикон таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоем. Андешаи истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар тафаккури ҷавонон бо усулҳои таълимиву тарбиявӣ ҷо диҳем.
-Ба коркарду таҳияи асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ дар Тоҷикистон этибори аввалиндараҷа диҳем. Дар роҳи мубориза алайҳи терроризму экстремизм аз усулҳои маънавиву маърифатӣ васеъ истифода барем. Дар ин самт ду роҳро пешаи худ қарор доданамон мувофиқи матлаб аст: якум дар муассисаҳои таълимӣ ба тадриси илмҳои дунявӣ эътибори муҳим диҳем, дуюм, моҳияти маърифатии исломро тавассути омўзонидани ҷанбаҳои тарбиявиву ахлоқии Қуръону ҳадисҳои паёмбари ислом дар дарсҳои ахлоқшиносӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ ба роҳ монем. Аз иқтидори зеҳнии уламои кишварамон истифода бурда, ба мардум, махсусан ба ҷавонон фаҳмонем,ки дар ислом мафҳуми «террор» вуҷуд надорад, ислом динест, ки маърифат ва маънавиётро ташаккул ва рушд медиҳад. Кўшиш кунем, ки фарзандонамон бо таълимоти Имом Бухориву Термизӣ, Ғаззоливу Мавлавӣ, Нақшбандиву Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бо абёти Рўдакиву, Фирдавсӣ, Саъдиву ҳофиз, Шайх Камолу Ҷомӣ барин алломаҳо тарбия гиранд.
-Дар роҳи мубориза алайҳи терроризм аз роҳи ҳамкории байналхалқӣ васеъ истифода барем. Хушбахтона, Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз кабили СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ғайра ҳамкориро ба рох монда, дар доираи он баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мебарад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа