ШАРТИ АСОСИИ РУШДИ КИШВАР – ҲИФЗИ СУБОТИ СИЁСӢ!

Ноором гардидани авзои ҷомеа ва халадор намудани ваҳдату ягонагии кишвар аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ бар зарари давлат буда, монеа ба раванди рушду тараққиёти он мегардад.

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот намуд, ки бе таъмини суботу амният дар ҷомеа наметавон ба пешрафту муваффақиятҳо ноил гардид. Дар аввалин рўзҳои истиқлолияти давлатӣ набудани амнияту тартибот ва ҷангу низоъҳои сиёсӣ тавонист кишвари тоҷиконро боз ба даҳсолаҳо аз пешравиҳо боз дорад ва тамоми механизми идоракуниро аз кор бозмононад. Аз ҳамин нуқтаи назар масъалаи суботи сиёсӣ яке аз масъалаи умдатарини давлатҳои муосир ба ҳисоб рафта, таъмини амният ба пешрафти ояндаи он таъсири бевосита дорад.

Имрӯз низ дар ҷомеа афроди ноогоҳе ҳастанд, ки ғайр аз манфиати хеш чизеро дида наметавонанд ва бехабар аз он ки ин амалу рафтори онҳо зидди тартиботу қонуният буда бар зарару зиёни ҷамъит ва давлат мебошад. Онҳо дар миёни ҷомеа худро ҳамчун лидер эътироф намуда, гӯё манфиати ҷомеаро мехоста бошанд, ки ин бешак чунин нест.

Дар миёни ҷамъият ва давлат пайдо шудани чунин лидерҳои ғайрирасмӣ ба ҳолати ногувор ва муташшаниҷи аҳолӣ оварда мерасонад, ки оқибати андӯҳовар дорад. Ин гуна гуруҳҳои нохалаф аслан манфиат, қонуну қоида, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба инобат намегиранд, тамоми амалҳои ношоями замон, ки сарманшаъи манфиати худи ин гуруҳо ва лидерҳои онҳо мебошад ба ҷамъият раво мебинанд, ба монанди ғоратгарӣ, одамрабоӣ, нашъаҷалобӣ, одамкӯшӣ, паҳн намудани маводҳои заҳролуд ва ғайраҳо мебошад.

Мутаассифона имрӯзҳо баъзе чунин афроди нохудогоҳ ба сулҳу осоиштагии кишвари азизамон бо чашми ҳасад менигаранд ва доимо барои халалдор сохтани ин оромӣ дар талошанд ва аз ҳеҷ гуна амали нораво худдорӣ наменамоянд, ки ин боиси ба таҳлука гирифтор гардидани омма мегардад. Чунин афрод аз хотир набароранд, ки пайдо гардидани гурӯҳҳо ва гурӯҳбозӣ оқибат вазъи сиёсии кишвар ноором намуда, монеаи рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мегардад. Барои дарки ин масъала Афғонистон бароямон мисоли равшан мебошад, ки гурӯҳбозиҳо боиси аз даст рафатани сулҳу осоиштагӣ гардидааст. Бадбахтии дигар дар он аст, ки ҷомеа барои пешгириифаъолият чунин афрдоҳо чораандешӣ намекунанд ва бетарафӣ нишон дода, ба амалҳои зиддиҳуқуқии онҳо чашм мепӯшанд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ гоҳ фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ба манфиати ҷомеаи имрӯзаи кишвар намебошад.

Дар шароити ҳассоси сиёсиву геополитикии замони имрӯз набояд ба бетарафӣ роҳ дод, бояд ҳарчӣ зудтар пеши роҳи ин гуна гурӯҳҳои манфиатталаб ва низоангезро гирифт, чунки бетарафии ҷомеа ба ин гуна афродҳо рӯҳи тоза мебахшад ва худро озодтар дида, ба амалҳои ношоями худ бе ягон шубҳа даст задан мегиранд ва миёни халқ бесару сомониҳоро ба миён меоваранд.

Набояд фаромӯш созем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз пайдо гардидани ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ, лидерони ғайрирасмӣ  ва дастгирии онҳо аз ҷониби нерӯҳои сиёсии беруна боиси ҷанги дохилӣ, ҳалоқати ҳазорҳо шаҳрвандон ва ҳисороти бузурги молӣ гардид.  Аз таърихи гузашта сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем. Чуноне ки дар ин иртибот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дўст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем».

Пас, мо ҷавонон ва кулли шаҳрвандонро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намоем ва камтарин ҳиссаи хешро баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон гузорем.

 

Шӯҳрат Саидзода – устоди ДДҲБСТ

You might also like