Мазҳабфурушони наҳзатӣ
Зан – модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқею манзалати хоса дорад. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.
Имрўзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ корҳои ободонию созандагиро идома дода истодаанд.
Дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад.
Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд.
Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.
Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд.
Ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт.
Дар робита ба ин, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати мо то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд.
Дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад. Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги онҳо гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 34 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода, ба ӯҳдаи давлат масъулияти бузурги рушди соҳаи иҷтимоиро вогузоштааст. Ин масъулият аз андешидани чораҳое иборат аст, ки ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла модару кӯдак ва муҳайё кардани шароите нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд.
Нафароне, ки ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ташкил намуданд ва дар он шикаст хўрданд, имрўзҳо боз мехоҳанд ичборан ба сари мардуми Тоҷикистон масъалаи таъсиси давлати исломиро бор кунанд. Бо ин мақсад онҳо қисме аз ҷавононро гумроҳ намуда бо ҳамин ба мақсади нопоки худ расиданӣ мешаванд, ки дар натиҷа модарони бо сад азобу машаққат фарзандони худро ба воя расонда зинда ҷудо ва ё мотамзада мегарданд. Ва модаронро мотамзада ва ё зинда ҷудо намудан гуноҳе аст нобахшиданӣ. Бинобар ҳамин дуои бади модаре, ки фарзандашро гум кардааст, ба ақидаи қавии мо, воҷиб аст, бигузор он нисбати хоинон, душманон ва ифротгароён амалӣ гардад.