Конститутсия – раҳнамои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди соҳибистиқлолии кишвар буда, дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши муассир бозид ва роҳи минбаъдаи рушду инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Ин санади муқаддас Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, халқи тоҷикро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси муқаррар намудани чорчўбаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва боло рафтани эътибори байналмилалии давлати тоҷикон гардид. Шуруъ аз Конститутсияи ҷумҳурӣ санадҳое қабул гардиданд, ки дар онҳо роҳу василаҳои роҳаандозӣ намудани сиёсати байналмилалии кишвар муайян шуданд. Маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари тозаистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба сиёсати хориҷии давлат дар он инъикоси худро ёфтанд.
Имрўз бо ифтихор метавон гуфт, ки баъди қабули Конститутсия дар муддати кўтоҳи таърихӣ самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд ва Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҳамкории густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мақоми шоиста касб намуд.
Хусусияти тақвият ёфтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки мутобиқ ба Конститутсия ва санадҳои дигари ҳуқуқи байналмилалӣ низоми ҳуқуқии худро бо он созгор медонад. Конститутсияи Тоҷикистон, инчунин, бартарии санадҳои байналмилалиро нисбат ба қонунҳои ҷумҳурӣ нишон дода, мутобиқ ба моддаи 10 санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Дар моддаи 11 Конститутсияи Тоҷикистон оварда шудааст, ки: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Ҳамзамон, дар моддаи мазкур Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки: «Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд».
Ин ҷо бояд қайд намуд, ки минбаъд дар асоси Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ифтитоҳи сафоратхонаҳо, низомномаҳо дар бораи Сафорат, Муқаррароти асосии ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор қарорҳои Ҳукумати кишвар барои фаъолияти хадамоти дипломатии ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии вобаста ба сиёсати хориҷиро ба вуҷуд оварданд. Ҳамзамон бо ин, ба мақсади фароҳам овардани заминаи устувори ҳуқуқӣ соли 2002 аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосҳои назариявию сиёсии равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нав муайян мекард, қабул гардид. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти давлатии кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии Консепсияи мазкурро ташкил намуданд. Дар ибтидои соли 2015 бо назардошти шароити нави ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои муосири бурунмарзии кишвар аз ҷониби Президенти мамлакат Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки имрўзҳо санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон мебошад.
Тибқи моддаи 64 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқи моддаи 69 Конститутсия вобаста ба пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон салоҳият доранд, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунанд; Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунанд; ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ намуда, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд; сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъйин ва озод кунанд; барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода баранд ва ғайра.
Роҳи пурифтихори тайкардаи давлати мо дар самти равобити байналмилалӣ, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва дипломатияи тоҷик тайи 30 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осон набуд. Дар ин росто, Сарвари давлати тоҷикон равобити ҳамаҷониба, зич ва дўстона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуданд. Бо талошу кўшиши пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва ғайра ширкати фаъолона дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бо 176 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки аз обрўю нуфуз пайдо намудани кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ин ҷо бояд алоҳида қайд намуд, ки асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифта, самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии мамлакатро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ ва назари борикбини Пешвои миллат ба вуҷуд оварда шудаанд. Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми мамлакат дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ барои соҳиб шудан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз давлат ба вуҷуд оварда шудаанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эълоннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин сиёсати хориҷии шаффоф ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва ҳамкорию равобити судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тавассути сиёсати «дарҳои боз» Тоҷикистон имрўз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Конститутсия дар мувофиқа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, қабл аз ҳама «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» ва «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ҳуқуқ ба ҳаётро ҳамчун ҳаққи ҷудонопазири ҳар як шахс кафолат додааст. Арзиши бебаҳои Конститутсия дар он аст, ки шаҳрванди Точикистон берун аз ҳудуди он, дар хориҷи кишвар низ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва ба давлати хориҷӣ супурдани шаҳрванди Тоҷикистонро қатъиян манъ менамояд.
Қобили зикри хос аст, ки Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардидааст. Тавре академик Маҳкам Маҳмудзода зикр намудааст: «Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дуввумин шуда, баъди Россия соҳиби Конститутсия гардид ва ин Конститутсия бинобар таҳлили коршиносони САҲА ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, танҳо бо исботи он далел, ки қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан, тавассути муассисаҳои намояндагӣ – маҷлиси муассисон, парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, гуфтаи Сарвари давлатро оид ба ҷавобгўи арзишҳои демократӣ будани Конститутсия дуруст мебарорад» [2].
Ҳамин тариқ, Конститутсия халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб дониста, баҳри мустаҳкаму пойдоршавии сиёсати хориҷии Тоҷикистон заминаи муфиду боэътимод гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми таърихӣ ва ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Ғаффорӣ Н.У.,
доктори илмҳои таърих,
мудири кафедраи муносибатҳои
байналхалқӣ, ДДҲБСТ