НЕЪМАТИ ГАРОНИ ДАВРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
“Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад”.
“Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад”.
6 ноябри соли 2024 дар сар то сари мамлакат таҷлили 30 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Санаи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми Тоҷикистон рўзи муқаддас ва ҷашни муҳим ба ҳисоб меравад. Дар радифи дастовардҳои мамлакат яке аз бузургтарин дастоварди ҷумҳурӣ дар солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қабули аввалин Конститутсия ба ҳисоб меравад, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашт. Мардуми Тоҷикистон баробари бо раъйдиҳии умумӣ Конститутсияи нави Тоҷикистонро қабул намудан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кард. Дар як рӯз амалӣ гардидани ин ду воқеаи муҳимтарин ниҳоят рамзист, зеро Президент – ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳо, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагию пойдории давлат ба ҳисоб рафта, Конститутсия таҷассумгари қудрати давлат мебошад. Муҳимтарин аҳамияти қабули Конститутсияи кишвар ин тавассути он Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Конститутсия шиносномаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар он унвони давлат ва сохтори давлатдории он сабт гардидааст. Конститутсия асоси низоми ҳуқуқии давлатро муайян намуда, ҳамаи қонунҳо аз он сарчашма мегиранд. Ба шарофати қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардида, халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангофар шўҳрат пайдо намуд. Ин санади муқаддас, ки яке аз неъмати гарони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро ба садсолаҳои дур мунаввар менамояд.
Солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар, давраи фоҷиабор барои миллати тоҷик буд. Бар асари фитнаву дасисаҳои хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардиданд, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ гашт. Конститутсия ва дигар қонунҳо эътибори худро гум намуд ва дар кишвар фазои беҳокимятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шароити вазнини сиёсӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар воқеъ хизмати аз ҳама бузурги Иҷлосия дар назди таърихи миллат он аст, ки халқи тоҷикро дар як давраи ҳассоси таърихӣ аз вартаи ҳалокат наҷот бахшид. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон, рамзҳои соҳибистиқлолии давлат, Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ қабул карда шуданд. Таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлати навини тоҷикон оғоз бахшид, зеро асосҳои сохти конститутсионӣ усулҳои роҳбарикунандае мебошад, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат мутобиқ ба он роҳандозӣ карда мешавад. Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои иҷлосияи таърихӣ ва муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар муҳиммияти ҳарчӣ зудтар қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба миён овард. Дар маҷмўъ таърихи кишвар панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он муайянкунандаи марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро ифода мекунад. Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз тарафи дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Зарурияти қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ба эълони истиқлолияти давлатӣ, ислоҳоти низоми сиёсии ҳокимият, дигаргунии шакли идораи ҷумҳурӣ, таъсиси низоми худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат ба моҳияти плюрализми сиёсӣ ва сиёсати нави иқтисодӣ – иҷтимоии давлат аҳамияти хоса дорад. Бо мақсади таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд. Моҳи июли соли 1993 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи конститутсионӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби олимону мутахассисони варзида гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аъзои гурӯҳи кории Комиссияи конститутсионӣ якчанд маротиба ба Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор давлатҳои Аврупо баҳри татбиқи мақсад сафар карданд. Асноди байналхалқии танзимгари ҳуқуқҳои инсон “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” (соли 1948) , “Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” (соли 1966) , “Санади хулосавии машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо” (Хелсинки -1975) , “Хартияи Париж барои Аврупои нав” (соли1990) , “Созишномаи Аврупо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ” (соли 1950) мавриди омӯзиш қарор ёфта, муқаррароти онҳо дар рафти тартибдиҳии лоиҳаи Контитусия ба инобат гирифта шуданд. Дар натиҷаи кӯшишҳои комиссия ду лоиҳаи Конститутсия – Конститутсияи Ҷумҳурии президентӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии парлумонӣ таҳия гардиданд, ки ниҳоят лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентиро парлумони Тоҷикистон қабул дошт. Дар рафти фаъолияти гурӯҳи корӣ конститутсияи дигар давлатҳои пешрафта омӯхта шуда, бо дарназардошти вазъияти кишвар лоиҳаи қонуни асосӣ омода гашт ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Дар муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия халқи Тоҷикистон бетараф набуда, зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳодотро вобаста ба лоиҳа ирсол намуд. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва зиёда аз 87% иштироккунандагони раъйпурсӣ лоиҳаро дастгирӣ намуда, бо ин роҳ сарнавишташонро ба тақдири давлати тозабунёди тоҷикон пайваст намуданд. Қабул гардидани Конститутсия ба вазъияти номӯтаъдил ва номуайяни ҳуқуқие, ки аз моҳи декабри соли 1991 то моҳи ноябри соли 1994 идома дошт, равшанӣ ворид намуд. Чунончи давлати мустақили мо беш аз ду сол дар доираи Конститутсияи соли 1978, ки меъёрҳои он ба давраи соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор набуданд, фаъолият дошт. Дар натиҷа Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6- уми ноябри соли 1994 қабул карда шуд. Дар асоси Конститутсия дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ гузаронида шуда, таҳкурсии мустаҳками низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар баробари он гузошта шуд. Қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатдории миллӣ, таъсиси Парлумони дупалатагӣ – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ дар мустаҳкам намудани пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, эъмори давлати миллӣ, таҳия ва қонунҳое, ки манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва мардуми моро ҳимоя менамоянд, дар роҳи давлатсозӣ ва давлатдории навини тоҷикон қадамҳои устувор ва ҳалкунанда гардиданд. Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари азизамон чун рӯйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш устувор гардид. Бори нахуст кишвари азизи мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки мардуми Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ дониста баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Аҳамияти муҳимтарини қабули Конститутсияи кишвар он аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути он аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Конститутсия Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз Русия қабул шуда буд, мувофиқи таҳлили коршиносони Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини аъзои ин созмон эътироф шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсиву ҳуқуқиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаю васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиии мамлакат ва идораи давлат таъмин менамояд. Қабули Конститутсия имконият фароҳам овард, ки барои рушди давлати тоҷикон заминаи мукаммалу устувори ҳуқуқӣ гузошта, фаъолияти мураттаби низоми мақомоти давлатӣ таъмин карда шавад. Қобили зикри махсус аст, ки қабули Конститутсия дастоварди бузурги мо дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд , дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Хусусиятҳои муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1- и Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона. Соҳибихтиёрӣ маънои хеле васеъ дорад, яъне он ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият таалуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ роҳу усулҳои тараққиёту пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, қонуният, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақилона муайян менамояд. Бояд гуфт, ки ҳокимияти халқ дар ду шакл амалӣ мешавад: дар шакли демократияи бевосита, яъне қабули қарору қонунҳо ё ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим дар интихобот ва раъйпурсиҳо дар шакли демократияи намояндагӣ, яъне ба воситаи мақомоти аз тарафи халқ бевосита интихобшудаи намояндагӣ. Шакли дигари демократия ҳамин аст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, ассотсиятсияҳо, маҳфилҳо, гурӯҳҳо муттаҳид шаванд ва ба ин восита дар идоракунии ҳокимият иштирок намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор мебошанд. Созмонҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳуқуқи ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои диниро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои дин” батанзим медарорад.
Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ҷумҳурӣ мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумиро дорост. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутаммаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд.
Дар қисми 3-юми моддаи 1-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит, ҷиҳати зиндагии арзанда ва ба инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Дигар хусусияти асосҳои сохти конститутсионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ ифода меёбад. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонанд. Забон муқаддастарин рукни давлатдории миллати дунёст. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатро пайдо намуд ва дар Конститутси Тоҷикистон моддаи 2 ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардид. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба эҳёи фарҳанги нави давлатдорӣ мусоидат кард. Дар Қонуни мазкур манфиати миллатҳои ғайритоҷик дар истифодаи забони модариашон ба эътибор гирифта шуда, забони русӣ ҳамачун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.
Боби 9 – уми Конститутсия пурра ба мақомоти прокуратура бахшида шудааст. Мувофиқи моддаҳои 93-94 Конститутсия “назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси Миллӣ ва Президент масъул аст. Мақомоти прокуратура бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият менамояд.” 1 марти соли 1996 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки он барои боз ҳам афзудани нуфуси мақомоти прокуратура мусоидат намуд.
Дар натиҷаи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлат, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, фаро расидани ваҳдати воқеии байни халқу минтақаҳои Тоҷикистон, ба вуҷуд омадани фазои нави сиёсиву иҷтисодӣ, оғози бунёдкориву созандагӣ дар кишварамон зарурат, шароиту заминаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён омад. 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ворид гардида асосан ба масъалаҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Маҷлиси Олӣ ва салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буданд.
Дар зарфи 33 соли истиқлоли давлатӣ тақозои марҳилаи нав дар низоми давлатдорӣ ва рушди кишвар зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад. 22 июни соли 2003 раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тағйиру иловаҳои воридкардашуда 55 моддаи Конститутсияро фаро гирифта шуданд. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои минбаъдаи рушди низоми сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ 22 майи соли 2016 ба воситаи раъйпурсии умумхалқӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 – соли Истиқлоли давлатӣ барои такмили рукнҳои давлатдории тоҷикон ва пешрафтҳо дар соҳаҳои сиёсат иқтисодиёт фарҳангу адабиёт ва маънавиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст, ки ин тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шарипова Таҳмина Маликовна
муаллими калони кафедраи
фанҳои ҷамъиятӣ ДДҲБСТ