Лоиҳаи нави Барномаи Эрасмус+
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маорифи Тоҷикистон робитаҳои хешро бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафорату намояндагии онҳо таҳким бахшида, иқтидори илмӣ, таълимӣ, фарҳангиашро густариш медиҳад.
Ректори донишгоҳ Шарифзода Муъмин Машокир ва мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷӯраев Абдураҳим Хоҷиевич дар вохӯрии ташкилӣ ва «Тренинг барои тренерҳо»-и Барномаи табодули байналмилалии Эразмус+, ки дар Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқи Британияи Кабир баргузор гардида истодааст, иштирок доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа