Гумроҳшудагони русияҳ
Рости гап ҳодисаи рӯзҳои охир махсусан тибқи иттилои Маркази матбуоти марзбонии Тоҷикистон, акти террористӣ ба қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” шаҳодат аз он медиҳад, ки халқи тоҷик душмани ашадӣ доштааст. Ва ин душманон тинҷиву амонӣ ва осоиштагии давлатро чашми дид надоранд.
Чунин амалӣ террористӣ дар рӯзе ба амал оварда шуд, ки ин рӯз ҷашни пурифтихори таърихи 25 солгарди Сарқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Тоҷикистон кишваре аст, ки бо роҳбари Қаҳрамони худ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатдӯсту, худогоҳ ва нексиришт зиндагии осуда ва сулҳу амониро пеша кардааст ва “Тоҷикистон ба пеш!”-ро шиори худ қабул намудааст.
Лекин душманоне ҳастанд, ки худ ва гурӯҳҳои кӯчакашонро оппозитсия эълон намудаанд, ба мисоли ТЭТ ҲНИ ва Паймони ба но миллӣ. Аммо оиди ин масъала сокини пойтахти азизамон Фирдавс Каримов дуруст қайд менамояд, онҳо на оппозитсия, на гурӯҳи террористӣ балки гӯмроҳшудагоне, ки дар ҳаёт ба бадбахтӣ гирифтор шудаанд.
Ман шахсан ба фикри муаллифи мақола Ф.Каримов розӣ ҳастам ва чунин мешуморам, ки ин гӯмроҳшудагон сари даҳҳо ҷавонони зираку ҳушёрӣ миллати сарбаланди тоҷиконро хӯрдаанд то ҳаёт аст бадбахтиву, рӯсиёҳӣ ҳамқадами инҳо хоҳад шуд.
Хушбахтона бо зиракӣ ва ҳушёрии кормандони шуҷои мақомоти қудратӣ ва сарҷамъии миллат буд, ки ин нияти нохалафи гурӯҳи гӯмроҳшудагон барҳам дода шуд ва онҳо ба мурод нарасиданд.
Имрӯз Тоҷикистон бо фарзандони фарзонааш ва ҷавонони ватандӯсту ҷасуру далер намегузорад, ки давлати соҳибистиқлолу демократиро аз ҳар мушкилоту монеа эҷод намудаи душманони гӯмроҳшудагон эмин нигоҳ дорад ва сулҳу амниятро таъмин намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди СММ ва дигар паёмҳои хеш доимо таъкид менамоянд, ки террорист ватану давлату миллат надорад. Террорист мақсаду маромаш халал расонидан ба зиндагии осудаи кишварҳои дунё мебошад. Терроризм ин вабои аср аст.
Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсент мудири
кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ