Пайравони содиқи Ватанем!
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди худ марҳалаи нави таърихиро паси сар мекунад, дар пеши чашми мо раванди тағйирёбӣ аз як низоми иҷтимоиву иқтисодӣ ба низоми дигар рӯй медиҳад, ки бо шиддатёбии равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа ҳамроҳ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба чунин мақсадҳо сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда мехоҳад бо ҳар давлатҳои ҷаҳон муносибати рафиқонаро ба ҷой биёрад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни 190 давлати ҷаҳон расман мешиносад, изофа аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон шартномаҳои байнидавлатӣ ва ҳукуматӣ бастааст.
Изофа аз ин, Тоҷикистон аъзои якчанд ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ташрифи Пешвои миллат ба Аврупо яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Наҳзатиҳои бегонапараст дар сомонаҳои интернетӣ чунин иброз намуд, ки гўй Пешвои миллати моро дар Аврупо қабул намекарда бошад, лекин ин ҳама суханҳои ифротӣ ва дуруғ мебошад.
Давлатҳои Аврупо Пешвои миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори давраи истиқлол мешиносанд. Мавқеи манзалати ин шахси барўманди тоҷик дар ҷаҳон шинохта шудааст. Дигар давлатҳои ҷаҳон ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати мо мебошанд.
Мардуми шарафманд, меҳнаткаш ва азияткашидаи тоҷик бовари доранд, ки дигар асло таърихи солҳои 90-умро иакроран дидани нестанд, зеро дар ин ҷанги хонамонсўз яке падар, яке модар, яке бародару хоҳар ва яке фарзанди худро гум кардааст. Аз ҷанги бародаркуш, як қатор бехонаву дар ва бесаробону бемолумулк мондаанд.
Мо ҷавонон худ шукри соҳибистиқлолии ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро менамоем, ки чунин роҳбари ғамхору дилсўз, адолатпарвару миллатдўст ба монади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем ва сиёсати созандаи давлату ҳукуматро пурра дастгирӣ менамоем.
Қодирӣ А. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ