ДАРСИ СУЛҲУ  ВАТАНДӮСТӢ ВА ФАРДОИ ОБОДИ ТОҶИКИСТОН

Дарвоқеъ, сулҳ неъмати бебаҳо буда, барои сокинони Тоҷикистон аҳамият ва қимати бузург дорад. Чунки мардуми шарифи ҷумҳурӣ сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумияти ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Бахшида ба рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи мамлакат ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда, зикр намудаанд: «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Чунки сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдевории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем, аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алахусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.

Бо ибораи дигар, дарси сулҳ дарси ватандӯстӣ ва омӯзиши сабақаҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азизи мо мебошад.

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ба имрӯз дар баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу суббот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасад ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузорад. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Боиси зикр аст, ки ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши навро соҳиб гардидааст.

Мо, омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олӣ вазифадорем, ки доир ба пешниҳоду тавсияҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баландбардории сифати таълим тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоем.

Исмоилов Шӯҳратҷон Мамарасулович

 и.в., мудири кафедраи

технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

 

You might also like