ДАРСИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ШИНОХТИ САБАҚАҲОИ ТАЪРИХ БА ХОТИРИ ФАРДОИ ОБОДИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

(дар ҳошияи суханронии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш 01.09.2024 09.51, шаҳри Душанбе)

Сулҳу озодӣ ва истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумияти ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Бахшида ба рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ занги аввал садо дод ва чун анъана ҷамъомади идона баргузор гардид, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ ва бо роҳнамуниҳои падаронаи Пешвои миллат ба насли ҷавон оғоз ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда, зикр намудаанд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем»

Сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдевории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алахусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Чуноне, ки Пешвои Миллат дар баромади хеш таъкид намуданд: “мушоҳида мегардад, вақтҳои охир ва хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва «ҷанги сард» роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.

Танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.”

Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд.

Чуноне, ки дар саҳифаи хунолудаи таърих сабт гардидааст, бо соҳибихтиёр гардидан Тоҷикистон ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда дар солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсиву бесарусомониҳо ба вуҷуд омад. Дар ҳамон давраи ҳасос аз як сохт бо сохти дигари давлатдорӣ гузаштан, қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбҳо, ҳаракатҳо, созмонҳо ва шахсони алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия гардид. Ин зуҳурот оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд, ки беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардиданд. Аз ин шумора 55 ҳазор кӯдакони ятиммонда, қариб якуним миллион гурезаҳои иҷборӣ, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоии сӯхтаву харобгардида, тарки ватан кардани садҳо ҳазор мутахассисон, олимону донишмандон, аз ҷумла омӯзгорони соҳибтаҷриба натиҷаҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошанд.

Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Чуноне, ки қайд гардид, танҳо ҷавонони аз 18 то 30-сола, ки касбу ҳунар ё ихтисос надоранд, беш аз 570 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки: “Соҳиби касбу ҳунар кардану ба бозори меҳнат ворид намудани ин қишри аҳолӣ ва ба рушди иқтисодиёт ҷалб кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мову шумо ва махсусан, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад.”

Ҷавҳари асосии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сармояи инсонӣ мебошад. Бинобар он афзун гардонидани шуғли пурмаҳсул яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи мазкур буда, бо мақсади ба касбомӯзӣ ва дар ин замина ба шуғл фаро гирифтани аҳолии кишвар соли 2020 Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 қабул гардидааст.

Ба ин ишорат, Пешвои миллат дар суханронии хеш махсус қайд намуданд: “Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд.”

Ҳамин тариқ, мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкиму дӯстиву рафоқат ва сулҳу суббот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.

 

н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷмент

Шамсиев Фурқат Каримович

You might also like