ДДҲБСТ: Баргузории ҷаласаи назоратӣ

Имрӯз ҷаласаи назоратии назди ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода бо иштироки муовинони ректор, роҳбарони сохторҳои раёсат, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо доир гардид.
Сараввал, профессор М. Шарифзода нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28.12.2023 ироа гардид, шарҳу тавзеҳ намуд. Бахусус, зимни шарҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат нисбати соҳаи илму маориф зикр дошт, ки мо вазифадорем беш аз пеш заминаи моддиву техникиро таҳким бахшида, ҳамкориҳоро бо ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ густариш диҳем. Дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таълифи китобҳои дарсӣ, ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, таъмини шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилият ва истеъдоди ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллию ватандӯстии онҳо, ҷалби бештари донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ аз вазифаҳое ҳастанд, ки мо бо кушишу ғайрати дучанд иҷрои онҳоро бояд таъмин намоем.
Тибқи масъалаи рӯзномаи ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Ғаюров Ҳаким Шарифович  доир ба раванди баргузории имтиҳоноти ниҳоӣ дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи имтиҳонҳо барои донишҷўёни таҳсилоти рўзона, дар шакли тестӣ ва шифоҳӣ гузориш дод. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлили имтиҳоноти ниҳоӣ гурӯҳҳои беҳбарин муайян гардида, барои гурӯҳҳои таълимие, ки сатҳи донишашон беҳбудӣ мехоҳад, ба маъсулин вазифагузорӣ карда шуд. Натиҷаҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2023-2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ҳоло ҳам нишондиҳандаҳо қаноаткунанда набуда, ба сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳем.
Доир ба масъалаҳои мухталиф ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода роҳбарони як қатор сохторҳо ва садорати факултетҳоро барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самтҳои таълиму тарбия вазифадор намуд. Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён конференсияҳо, озмуну викторинаҳо ва олимпиадаҳо, тадќиќоти илмї, таълифи маводи илмию таълимӣ ва ташкили дарсҳои иловагии таълими фанҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар самти таҷрибаомӯзӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ ва забони давлатӣ, ташкили дарсҳои иловагии забономӯзӣ,пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, самаранок ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалби бештари довталабон ба донишгоҳ вазифадор карда шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like