Шикасти паймони чубини наҳзат
15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ – экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида бо ҳалномаи худ ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» – ро иттиҳоди террористӣ – экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
Ҳамчунин сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористӣ – экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Кулли мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ менамоянд, зеро ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сар мақсади ободӣ ва пешрафти Тоҷикистонро аз сидқи дил, самимона ва беғаразона мехоҳад на дар хориҷ аз кишвар балки дар дохили ҷумҳурӣ дар баробари дигар шаҳрвандон бояд зиндагӣ ва баҳри пешрафти он заҳмат кашад.
Паймони миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое чун: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнўи наҳзати ислом, таъсис ёфтааст. Ин Созмон, Ташкилот ва Паймонҳои дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта мақсад ва ниятҳои нопоки худро, ки ба ноором сохтани фазои осуда ва бо суръат рушдкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст бо дастгирӣ ва пуштибонии бевоситаи давлатҳои Аврупо амалӣ менамоянд. Кулли мардуми бофарҳанг ва солимфикри кишвар аз кӣ будани ташкилкунандагон, роҳбарон ва аъзоёни ин Паймону созмону анҷуманҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи шармандавор фирор намуда хуб огоҳ ҳастанд.
Санаи 22 – 23 октябри соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Сипозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз” баргузор гардид, ки дар кори ин Сипозиуми байналмилалӣ олимон, шоирон, нависандагон ва таърихшиносони машҳури ҷаҳон иштирок доштанд.
Аксари иштирокдорон бо як таассуроти ҷолиб нисбати корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд, ки ин гувоҳи он аст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дурусти инкишоф ва тараққиёт қарор дорад. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун, таърихи бою куҳандошта шинохт, этироф намуд ва эҳтиром менамояд.
Суханҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат навишта мешаванд ин ҳама суханҳои иғвоангез аз ҷониби баъзе шахсони бо ҳар роҳу восита ба ин Паймон, анҷуман ва ташкилотҳо аъзо шуда мебошанд, ки бо гирифтани маблағҳои ночиз суханҳои фармоиширо ба нашр мерасонанд.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ