Пирӯзии донишҷӯи донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Нигина Ботирова дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши сабук ба гирифтани ҷойи аввал комёб шуд.
Мусобиқаи мазкур байни варзишгарони соли таваллудашон 2005 доир гардида, бахшида ба гиромидошти хотири Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Модест Кожемякин доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи ДДҲБСТ Нигина Ботирова борҳо дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз рӯи намуди варзиши сабук пирӯзӣ ба даст овардааст.

You might also like