Изҳоротои кафедраи назарияи иқтисодӣ нисбати иттиҳоди ифротӣ эълон шудани Паймони миллии Тоҷикистон

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ қарори Суди Олии мамлакатро, оиди иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дасгирӣ менамоем.

Дар ҳақиқат аз фаъолияти ин ташкилот барои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо зарар мебошад. Намояндагони ин ташкилот ахборотҳои бардурӯғ оиди вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн менамоянд.

Қайд кардан лозим аст, ки аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва амниятӣ бар ин назаранд, иқдоми ин ташкилот  ба мисли найрангҳои солҳои наваддуми  наҳзат азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад.

Ин ташкилот ҳуқуки аз номи мардуми тоҷик сухан карданро надорад ва манъи фаъолияти онро пурра дастгирӣ менамоем. Қарори одилонаи Додгоҳи Тоҷикистон аст!

Аҳли устодони кафедраи

 назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like