Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳ бо Донишгоҳи педагогии Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин

Бахшида ба даҳсолаи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” дар Донишгоҳи педагогии Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими расмии таъсиси Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё – Хитой дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат ва Форуми байналмилалӣ оид ба табодул ва ҳамомӯзиши тамаддуни Авруосиё баргузор гардид.
Дар Форуми байналмилалӣ зиёда аз 33 намояндагони донишгоҳ аз 8 давлат иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи пленарӣ ва кори Форуми мазкур, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Тоҷибоев Ш.А. намояндагӣ ва баромад намуд.
Сараввал, ректори Донишгоҳи педагогии Шэнян, профессор Ян Сун меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам намуда, оиди ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” ва дар доири ин таъсиси Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё – Хитой дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат сухан кард. Қайд карда шуд, ки таъсиси Алянси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳҳои аъзо, табодули академии донишҷӯён, баргузор намудани таҳқиқотҳои якҷояи омӯзгорон, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигарҳо нақши муҳим мебозад.
Баъдан намояндагони расмии шуъбаи маориф ва робитаҳои байналмилалии вилояти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар охир маросими ба имзо расонидани оинномаи Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё – Хитой дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат баргузор гардид.
Хушбахтона, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Алянси мазкур эътироф ва пазируфта шуд, ки дар оянда барои ба амал баровардани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо дигар донишгоҳҳои аъзои Алянс муфид хоҳад гардид.

You might also like