Тақвияти корҳои тарбиявӣ дар ДДҲБСТ
Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти корҳои тарбиявӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ дар донишгоҳ ҷаласаи кории шуъбаи корҳои тарбия доир шуд.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова, кормандони шуъбаи корҳои тарбия, муовинони декан оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ ва созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо ширкат намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ, ҷоннок намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, таъсиси сохторҳои созмонҳои ҷамъиятӣ дар факултетҳо, густариши фаъолияти маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ва беҳтар намудани фаъолияти роҳбарони гуруҳҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.