Нокомии Кабирӣ дар сиёсат ва “насиҳат”-и бемаънии ӯ

Ташкилоти террористиву экстримистии ҲНИ имрӯзҳо яке аз масъалаи расонаҳои шабакаҳои интернетӣ ва ВАО гардидааст, ки аъзоёни он рӯз то рӯз ба ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намоянд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дурӯғу тӯҳмат ва дасисаҳо даст намекашанд ва бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми тоҷикро бар зидди давлату ҳукумат бархезонанд. Зеро чуноне, ки аз пайомадҳои онҳо бармеояд хоҷагони онҳо талаби ҳарчи зудтар бар по хезондани мардуми тоҷикро хоҳонанд. Аз ин лиҳоз созмони террористӣ ва экстримистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” аз пешбурди фаъолияти сиёсӣ берун гашта, бо нашру пахши ҳар гуна муроҷиатномаҳову баёнияҳову изҳороти худ фазои сиёсӣ ва иттилоотии кишварро ноором гардонидан мехоҳанд. Аз ин ҳама муроҷиату садобаландкуниҳои аъзоёну пайравони ҲНИ оҳанги таҳдиду таҳқир садо медиҳад.

Ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки бо суханҳои иғвоангезони худ боз хонини миллати Тоҷикистон М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханроӣ намуда, иғвои худро давом дода истодааст.

Ҳангоми тамошои барномаи мазкур шахс ба хулосае меояд, ки мақсади асосии онҳо аслан доир ба мавзӯи интихобшуда сухан рондан не, балки бо баҳонаи ҳар гуна мавзӯҳо ҷамъ намудани ҷавонон барои тамошои барномаҳо ва ба вуҷуд овардани ихтилоф байни онҳо мебошад. Зеро дар барнома доир ба сиёсат фикру ақидаҳои бемаънӣ баён шуданду халос.

Хулоса барномаи мазкур ба ин хоинон танҳо ба он лозим аст, ки онҳо тавонанд ба воситаи чунин барномаҳо тамошокунандаи онҳоро бо ҳам ҷанг андозанд. Ва мардумро боз ба ду гурӯҳ ва ё майдон тақсим намоянд.

Чи тавре, худи Кабирӣ дар яке аз баромадаш иброз намуд, “сиёсат ҳунаре ҳаст, ки ҳаркас карда наметавонад” ин суханҳо маҳз ба худаш дахл дорад. Агар ӯ сиёсатмадори оқил мебуд ҳаргиз нафароне, ки ба ӯ бовар мекарданд ва дар паҳлӯи ӯ буданд онҳоро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода намебурд ва намегузошт то онҳо ба ҷиноят даст зананд. Имрӯзҳо садҳо нафаре, ки фирефтаи ин хоини миллат гардида, зидди халқу миллати худ хоинӣ карданд дар ҳабсхонаҳо ва то ҳатто дар кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ қарор доранд. Мутаъсифона аксарияти онҳо дар ҷангҳои мазкур ҳалок гардида, имрӯзҳо наздикони онҳо бо ашки чашм онҳоро ёд мекунанд.

Вобаста ба ин, аъзоёни ТЭТ ҲНИ хоинони ватан буда, онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд амалҳои террористии худро рӯйпӯш намоянд. Аз таҳқиқи матлаби “Бузургтарин хатар аз уламои хоин аст” маълум мегардад, ки ҳамаи зиддиятҳои иброзгардида бофтаву хаёлианд.

Хиёнаткорону хоинони Ватан борҳо ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Нигорандаи ҲНИ хиёнатҳои худро эътироф намуда мегӯяд: “Албатта, мухолифин ҳам бегуноҳ набуданд”, ки ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат, дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон даст доштаанд.

Кӯмакрасону пуштибонони ҲНИ то ба имрӯз аъзоёни хиёнаткори ин ташкилотро маблағгузорӣ мекунанд, то ба ҳадафҳои нопоки худ ба ин васила расанд. Аз гуфтору навиштаҷотҳои аъзоёни хиёнаткори ҲНИ бармеояд, ки косаи хоҷагони онҳо лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои гирифтаашон ҷавобан мехоҳанд ҳарчи зудтар сулҳу амнияти кишварро халалдор намоянд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири манфиати шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани ақидаҳои нопоки худ асту бас.

 

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи

таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like