ДДҲБСТ: Ифротгароӣ ва мубориза ба он

12 апрели соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир шуд. Дар мулоқот вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон сухан рафт.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода  меҳмононро муаррифӣ карда, иброз дошт, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳассос ва хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо мушоҳида  мегардад.  Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯз шинохта шуда,махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад.

Дар идома, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Суғд Тоҷибой Султонзода баромад кард.

Номбурда иброз дошт, ки муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки  пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо  аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Ҳамчунин дар идомаи мулоқот раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад карда доир ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ибрози андеша кард. Инчунин, мутахассиси шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДДҲБСТ Муҳаббат Маҷидзода перомуни нақшу мақоми Ваҳдати миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баромад намуд.

Қайд гардид, ки дар чунин вазъи пешгуинашавандаи  сиёсии сайёра ҳар фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба  афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаёни гурӯҳҳои радикалӣ фирефта нагардида дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. 

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарониҳо анҷом пазируфт.

You might also like