Мақомоти прокуратура ниҳоди муҳими давлатист

Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар меҳмонон аз мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд, собиқадорони мақомоти прокуратура, устодон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард. Ҳамзамон корманди мақомоти прокуратураи вилояти Суғд Донохон Ҷӯраева перомуни фаъолияти мақомоти прокуратура, саҳми ин ниҳорди муҳими давлатӣ дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ибрози андеша кард.
Дар идома, донишҷӯён – Субҳилло Солиев дар мавзӯи «Таърихи таъсисиёбии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дилангез Ваҳобова дар мавзўи “Ҳамоҳангсозии фаъолияти макомоти прокуратураи ҶТ бо мақомоти прокуратураи Федератсияи Россия: таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ” ва Пулодов Ш. дар мавзўи «Коррупсия сарчашмаи ҷинояткорӣ ва таҳдиди он ба амнияти миллӣ» баромад намуданд.
Собиқадорони мақомоти прокуратура низ баромад карда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки пайваста омӯзанд ва соҳиби донишу малакаи зиёд гардида, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like