ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАҲКИМБАХШИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷойгоҳ, нақш ва саҳми сарварони сиёсӣ дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии башарият ҳамеша мондагор буда, он ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихӣ зудуда намешавад. Дар ин робита ба андешаи мо, шахсияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар дигаргуниҳои наздик се даҳаи охири ҳаёти дохили Тоҷикистон ва дар қабули қарорҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ бисёр назаррас мебошад.

Хушбахтона, дар даҳаи якуми соҳибистиқлолӣ мактаби сиёсати хориҷӣ ташаккул ёфт ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ стратегияи дарозмуддати ҷавобгӯ ба ниёзҳои манфиатҳои миллӣ лозим буд. Оғоз аз соли 2002 дар самти сиёсати хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз» эълон гардид, ки дар асоси он Тоҷикистон принсипи ҳамкориҳои худро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ муайян намуд. Тоҷикистон бо қабули Конститутсия соли 1994 руҳияи ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаххас намуд. Чуноне ки дар моддаи 11-и Конститутсия омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Аммо дар марҳилаи нави рушди кишвар ба таври махсус эълон доштани принсипи равобит ва ҳамкорӣ бо субъектони муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омад.

Аз ин рӯ, соли 2002 сиёсати хориҷии кишвар ҳамчун сиёсати «дарҳои боз» эълон карда шуд. Сиёсати дарҳои кушод ин ҳамон сиёсати маҳдуд нашудан ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи башарӣ буданро ифода мекард, ки ҳанӯз Саъдӣ онро дар мисраи «Бани одам аъзои якдигаранд» ифода намудааст.

Сафари охирини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз давлатҳои Аврупо, мулоқот бо намояндагони баландпояи  Иттиҳоди Аврупо, Президенти Фаронса Эманнуел Макрон ва Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса дар самти боло рафтани эътибори Тоҷикистон ва муаррифи шоистаи мардуми кишвар бисёр назаррас мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Умед аст, ки дар заминаи ин сафари Пешвои миллат ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф боз ҳам тақвият ёфта, дар оянда ба амалӣ гардидани стратегияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Мутаъассифона дар чунин шароит он амалҳое, ки гурӯҳҳои мухолифини давлат дар Аврупо анҷом дода истодаанд, зидди манфиатҳои давлату ҳукумати кишвар мебошад. Онҳо ба ҷои ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон ва таҳкими симои мусбии миллати тоҷик дар ин минтақа баръакс барои паст задани эътибори кишвар рафтор намуда истодаанд.

Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва боло бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намоем. Зеро дар умум амалӣ гардидани сиёсати созандаи Роҳбари давлат на танҳо ба боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум таъсири назаррас хоҳад гузошт.

 

Шӯҳрат Саидзодаустоди ДДҲБСТ

You might also like