Мулоқоти роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо бо хатмкунандагон

09 марти соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд   вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.Мулоқотро муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ифтитоҳ намуда, меҳмононро шодбош кард.

Дар мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ маълумот дод. Қайд шуд, ки ДДҲБСТ аз ҳафт факултет иборат буда, дорои шароиту имкониятҳои хуби таҳсил мебошад. Барои донишҷӯи рақобатпазир дар бозори меҳнат гардидан дар донишгоҳ тамоми имкониятҳои моддию техникӣ аз қабили марказҳои таълимиву озмоишгоҳҳои инноватсионӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири раванди таълим муҳайё карда шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст.

Имрӯз донишгоҳ аъзои фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 80 муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ ва дигар барномаҳои грантӣ ҳамкориҳоро дар самти табодули устодони варзида, ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ба роҳ мондааст.

Баъди муаррифӣ аз ҷониби роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо хатмкунандагон саволу пешниҳодҳои худро баён доштанд.

You might also like