Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву умумии ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ДДҲБСТ шинос гардиданд

Ин навбат мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбии олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Спитамен доир шуд. Мулоқоти роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Дар мулоқот хатмкунандагон аз тамоми мактабҳои ноҳия барои шиносоӣ бо вазъи таълим ва шароиту имкониятҳои муассисаҳои касбии олии вилоят сарҷамъ гардиданд.

Дар ин мулоқот гурӯҳи тарғиботӣ бо роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, ин муассисаи бонуфузи касбии олии мамлакатро ба хатмкунандагон муаррифӣ карданд. Ҳамзамон ба муҳассилини мактабҳои ноҳия маводи тарғиботӣ аз қабили рӯзномаи донишгоҳӣ, буклетҳо, ки  дар онҳо маълумоти зарурӣ перомуни шароиту имкониятҳои донишгоҳ, факултетҳо, кафедраву ихтисосҳо оварда шудаанд, тақдим гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода  зимни баромади хеш иброз дошт, ки ДДҲБСТ дорои 7 факултет – Ҳуқуқшиносӣ,  Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Молия, Бизнес ва идоракунӣ, Баҳисобгирӣ ва андоз, Инноватсия ва телекоммуникатсия ва Факултети муштарак бо Донишкадаи молиявии Тошканд ва 29 кафедра буда, мутахассисонро аз рӯи 43 ихтисос дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборӣ, информатика,  системаҳои автоматикунонидашуда, веб-дизайн ва графикаи компютерӣ омода менамояд. 

Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст, илова намуд Шарифзода М.М.   

 Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо 151 муассисаҳо аз қабили мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва дигар субъектҳои хоҷагӣ ба имзо расонида, ҳамасола донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар муассисаҳои мазкур ба роҳ мемонанд. Барои донишҷӯёни фаъол дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ, роҳандозӣ шуда, бори нахуст дар байни донишгоҳҳои мамлакат  ДДҲБСТ ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ шарафёб гардидааст.

Бо саволу ҷавоби хатмкунандагони матабҳо бо роҳбарони муассисаҳои касбии олии вилоят мулокот анҷом пазируфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like