Муаррифии ДДҲБСТ ба хатмкунандагони ноҳияи Зафаробод

Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мулоқоти роҳбарони муассисаҳои касбии олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаву умумии ноҳия доир шуд. Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳаким Ғаюров дар мулоқот иштирок карда, перомуни шароиту имкониятҳои донишгоҳ маълумот дод. Зикр шуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат, ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи  наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон, мавқеи устувор ва шоистаи худро касб намудааст. Имрўз дар донишгоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар аз рӯи 43 ихтисос бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитойӣ ва немисӣ таҳсил намуда, ба таълиму тарбияи онҳо 350 нафар профессорону омўзгорон, ки бештар аз 50 фоизи онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ мебошанд, машғуланд.

Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст.   

Имрӯз донишгоҳ аъзои фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 80 муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ ва дигар барномаҳои грантӣ ҳамкориҳоро дар самти табодули устодони варзида,  ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани  сифати таҳсилот ба роҳ мондааст.

Бо мақсади ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ДДҲБСТ аввалин байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ ноил гардид, ки ин як қадами устувор дар роҳи ворид шудан ба рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад. Пас аз баромади роҳбарони муассисаҳои касбии олии вилоят хатмкунандагон  саволҳо пешниҳод карда, посух гирифтанд.

Муовини ректор оид ба таълим Ҳаким Ғаюров ва ёрдамчии ректори донишгоҳ Ҳомидҷон Солиев ба саволҳои хатмкунандагон посух доданд. Ба хатмкунандагон маводи тарғиботии ДДҲБСТ тақсим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like