Барои Ватан-Модар содиқона хизмат менамоям!

20-уми феврали соли 2023 кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгощи давлатии щуцуц, бизнес ва сиёсати Тоыикистон маҳфили доимоамалкунандаи кафедра бо номи “Ҷомеашиноси ҷавон”- ро таҳти унвони “Барои Ватан-Модар содиқона хизмат менамоям!” баргузор намуд. Маҳфили навбатӣ ба таҷлили ду санаи муҳим 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ бахшида шуд.
Дар маҳфил ректори донишгоҳ д.и.и, профессор Муъмин Шарифзода, сардори шуъбаи тарбия Азал Ёқубов, мутахассиси шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педогогӣ Манижахон Сатторова, садорати факултет, аъзои кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Сараавал иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.т Мунзифа Пулотова ба маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида доир ба муҳим будани хизмати Ватан-Модар ҳарф зад.
Сипас, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Муҳаббат Почоева оид ба таъсисёбии ДДҲБСТ ва фаъолияти ин боргоҳи бомаърифат давоми 30-сол, ки саҳми якчанд ректорони ин боргоҳ ба амсоли Асланбек Ғозибеков, Ҳомид Пулотов, Осим Каримов, Ҷамшед Ҷуразода, ректори имрӯза Муъмин Шарифзода ва саҳми онҳо дар пешравии ҷомеа сухан гуфт. Дар идома, Афсар-донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ Комрон Сафаров ҳамсолони худро даъват ба ҳифзи марзу буми Ватани хеш намуд. Ҳамзамон донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия, инноватсия ва телекоммуникатсия дар ин мавзӯъ маърӯзаҳо намуданд.
Дар интиҳо аз тарафи ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. бо донишҷӯён сӯҳбати озод доир шуда, муқаддас будани Ватан ва ҳимояи он аз таҳдиди беруна, ҳамеша омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони худ сухан рафт. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ менамоем. Расидан ба қадри ин неъмати бузург бо ном Истиқлолият қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат мебошад, илова шуд дар идома. Маҳфили “Ҷомеашиноси ҷавон” дар мавзӯи “Барои Ватан-Модар содиқона хизмат менамоям!” бо қадршиносии донишҷӯёни фаъол хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like